Ҷойизаи байналмилалии рӯзноманигори тоҷик
Абдулфаттоҳ Шафиев, журналист ва блогнависи маъруфи тоҷик ҷоизаи маъруфи Бунёди Даг Хаммерскйолдро ба худ ихтисос додааст.
Журналисти тоҷик аз миқёси кишварҳои пасошӯравӣ нахустин нафарест, ки соҳиби ин ҷоизаи бонуфуз дар бахши рӯзноманигории мутаалиқ ба СММ мешавад.
Абдулфаттоҳ Шафиев аз журналистони муваффақи тоҷик аст, ки бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ матлаб менависад. Ӯ ҳамчунин аз ҷумлаи аввалин рӯзноманигорони блогнавис ва фаъолони журналистикаи чандрасонаӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Абдулфаттоҳ Шафиев дар гузашта низ чандин ҷойизаҳои байналмилалӣ дар соҳаи рӯзноманиориро ба худ ихтисос додааст. Вақте ҳамагӣ 22 сол дошт, Ҷойизаи Федератсияи байналмилалии рӯзноманигоронро соҳиб шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |