Тоҷикистон имсол ҳам мизбони Ҳамоиши байналмилалии об мешавад

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд доир ба об баргузор мешавад.
Тавре аз ин ниҳод хабар доданд, ин ҳамоиш аз 9 то 11 августи соли равон дар чорчуби Ҳадафи шашуми рушди устувор - “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт” ҷараён мегирад.
Масъалаҳои вобаста ба ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар робита ба баргузории ин Ҳамоишро Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Патрисия Виверс – Картер, роҳбари Намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Чанд рӯз қабл ҷаноби Аслов бо ёвари Дабири кулли СММ ва раҳбари минтақавии Барномаи рушди СММ (БРСММ) барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳан Султоноғлу низ дар ин мавзӯъ суҳбат дошт.
Солҳои 2013 ва 2015 низ Тоҷикистон мизбони Ҳамоишҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи об буд. Соли сипаришуда аз 9 то 11 июн дар шаҳри Душанбе бар асоси Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015” баргузор шуд, ки дар он Дабири кулли СММ Пан Ги Мун, сарвазирони кишварҳои Покистон, Афғонистон, Қирғизистон, Габон ва намояндаҳои зиёда аз 100 кишвар ва 80 созмони байналмилалӣ ширкат намуданд. Дар ин Ҳамоиш Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон иқдоми нав - Даҳсолаи нав “Об барои Рушди Устувор”-ро эълон кард ва он аз ҷониби СММ дастгирӣ ёфт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |