Ҳимояти ёвари муфтии Миср аз иқдоми ҳукумат алайҳи ҲНИТ
Абу Ҳасани Азҳарӣ, ёвари муфтии Миср дар як матлаб аз иқдоми ҳукумати Тоҷикистон алайҳи Ҳизби мамнӯшудаи наҳзати исломӣ пуштибонӣ кардааст.
Дар ин матлаб, ки онро хабаргузории давлатии "Ховар" нашр кардааст, Азҳарӣ ҲНИТ-ро ҷузъе аз “Ихвон-ул-муслимин” хондааст, ки ногузир бояд пароканда мешуд. Ба таъкиди ӯ, “Тоҷикистоне, ки бо ёрону дӯстони Худованд ҳифз гардидааст, аз пасомадҳои нохуши ин гурӯҳ, ки худро “Ҳизби Наҳзат” номгузорӣ намуда буданд, эмин ёфт. Ин гурӯҳ бо сардории Муҳиддин Кабирӣ, андешаҳои донишмандони дигарро қабул надоштанд ва ҳамчунин барои хеш муфтӣ таъйин намуда буданд. Аз навиштаҷот ва китобҳои онҳо бармеомад, ки онҳо аз ақида ва асосҳои “Ихвон-ул-муслимин” пуштибонӣ мекунанд”.
Ёвари муфтии Миср дар идома навишта, гуруҳи “Ихвон-ул-муслимин” дар Миср ва ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон пора-пора гашт, вале Ислом боқӣ монд, зеро онҳо сохтаи душманони Худо буданд: “Ҳамчунон ман шукр мекунам Худовандро, ки гурӯҳи “Ваҳҳобия”-и салафӣ имрӯзҳо дар Тоҷикистон гурӯҳи мамнуъ эълон гаштааст”.
Абу Ҳасани Азҳарӣ ба ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим дар моҳи сентябри соли 2015 низ ишора карда, гуфтааст, “Худованд онҳоро баъд аз хунрезиҳое, ки дар он 14 нафар аз афроди низомӣ ба ҳалокат расид, дигарбора комёб нахоҳад кард. Фарзандони он нафарони низомӣ ятим шуданд, ҳамсаронашон бева монданд, ашки гарони модаронашон рехт ва болои корхонаҳо ҳамла намуданд… пас суоле ба миён меояд: Оё ин аст Ислом? Ин корро Пайғамбари Худо ба кофирҳои Макка раво надошт, пас чӣ гуна болои мусалмонҳое, ки шаҳодати тавҳидро мегӯянд, ин амали зиштро раво доштанд. Хотиррасон мекунам, ки онҳо гӯё бар зидди давлати кофир ҳуҷум намуданд. Пас аз он ки бар зидди кишвар ҷангиданд, мамлакатро хароб карданд ва аз Ислом суиистифода намуданд, Худованд онҳоро хору залил намуд. Маблағҳои пулию молии воридгашта ва аслиҳаи барзиёди онҳо аз кадом сарчашма барояшон дастрас мегашт?!!! Аз ин рӯ воҷиби Ҳукумат аст, то барои пешгирии чунин ҳизбу гурӯҳҳо фаъол бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |