Бахшҳо

Девонаев: «Дар 6 моҳ 396 тобут аз Русия оварда шудааст, ба ҳисоби миёна 2 тобут дар 1 рӯз»

Бо гузашти 7 рӯз аз қазияи пурсару садои халабонҳои рус, ки мунҷар ба боздошту ихроҷи муҳоҷирини тоҷик аз Русия шудааст, Сафиалло Девонаев, сардори хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон вокуниш нишон дод.


Пас аз зӯҳри дирӯз (15-уми ноябр) дар ҳузури хабарнигорон номбурда гуфт, вазъи муҳоҷирон пас аз зиндонӣ шудани халабонҳои рус ба таври ҷиддӣ тағйир наёфтааст.Ҷаноби Девонаев афзуд, муҳоҷирони тоҷик мушкили иҷозатномаи корӣ ва санади иқоматиро то имрӯз ҳам дар Русия доштанд. «Шукр бояд кард, ки имрӯзҳо ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан худи вай ба масъалаи муҳоҷират таваҷҷӯҳи бештар медиҳанд»,-мегӯяд ӯ. Девонаев ҳамчунин гуфт: «Бубинед, мо ниҳоди  тозатаъсис, якбора ба тамоми мушкилоти муҳоҷират расидагӣ карда наметавонем. Ҳамин утоқи кории маро бубинед. Ҳатто ҷиҳози муносиб надорад. Агар нафаре инҷо биёяд, ин мизу курсии маро дида мегӯяд, ки Девонаев як «колхоз» будааст, ки утоқи кориаш чунин шароит дорад. Бо ин гуна шароиат кори хуб намешавад».

 

Дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар мавриди ҳарфҳои Генадий Онишенко, сардори хадамоти беҳдошти Русия ҷаноби Девонаев гуфт, ки мо қаблан ҳам пешниҳод доштем, ки муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафар аз ташхиси тиббӣ гузаронида шаванд. Зеро, гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон бемориҳое доранд, ки он дар шароити Русия тобовар нест.

-Агар то 9-уми ноябри соли ҷорӣ мақомоти марбутаи Русия ҳамагӣ 84 нафар муҳоҷири тоҷикро барои ҳуқуқвайронкунӣ боздошт карда бошанд, пас давоми 7 рӯзи дигар ин нишондод ба 245 нафар расид. Ҷаноби Девонаев мегӯяд, ки пас аз оғози «шикор»-и тоҷикон борҳо бо масъулини муҳоҷирати Русия гуфтушунид анҷом дода, вазъият таҳти назорат мебошад.Тибқи иттилои хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон давоми 6 моҳи соли ба Тоҷикистон 396 тобути шаҳрвандон аз ҳудуди Русия ворид шудааст, ки ба ҳисоби миёна дар 1 рӯз 2 тобут рост меояд.

Мӯҳр
ун кадар сок нестай))агане итари намегуфт Шукр бояд кард, ки имрӯзҳо ҳукумати Тоҷикистон ва шахсан худи вай ба масъалаи муҳоҷират таваҷҷӯҳи бештар медиҳанд», дар 6-мохи нопура магар 396 мурдаи точик кам аст чаноби

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)