Интиқоли маҳкумшудаҳои ҲНИТ ба боздоштгоҳи Вазорати адлия
Ҳамаи маҳкумшудаҳои ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ ба боздоштгоҳи Вазорати адлия интиқол шудаанд. Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ хабар дод.
Қаблан ин афрод дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешуданд. Ҷаноби Ёров гуфт, интиқоли наҳзатиҳо рӯзи 10 июн сурат гирифтааст.
Ҷамшед Ёров ҳамчунин афзуд, рӯзи гузашта, 14 июн аз Додгоҳи олӣ барои дидор бо Маҳмадалӣ Ҳайит иҷозат гирифт, аммо дар боздоштгоҳи Вазорати адлия зарур надонистаанд, ки бо зерҳимояаш мулоқот намояд: “Ба ман гуфтанд, ки аллакай Маҳмадалӣ Ҳайит бо ҳукми додгоҳ шинос шуд ва 10 июн худаш ба Суди кассатсионӣ шикоят кард. Шарт нест ман бо ӯ мулоқот кунам. Мактуби Додгоҳи олиро ба назар нагирифтанд”.
Ин вакили дифоъ мегӯяд, ба ӯ гуфтаанд, ки мулоқот бо нафароне, ки ҳукми абад гирифтаанд, мушкил аст: “Мегӯянд, барои мулоқоти ман бо Маҳмадалӣ Ҳайит бояд тамоми наздикони судшудаҳоро, ки барои дидорбинӣ омадаанд, берун кунанд. Илова бар ин, бояд зерҳимояи ман паси панҷара нишаста, ду нафари дигар моро посбонӣ ва шоҳиди суҳбатҳои мо мешудааст”.
Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 июни соли равон Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҲНИТ-ро ба ҳабси абад маҳкум кард. Аъзои дигари аршади ин ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аз 2 то 28 сол равонаи зиндон шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |