Нақшаи Убайдуллоев барои таҳкими Ваҳдат дар Душанбе
Маҳмадсаид Убайдуллоев шаҳрдори Душанбе бо имзои як қарор нақшаи Шӯрои душанбегии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистонро дар соли ҷорӣ тасдиқ кардааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ нақшаи тасдиқкардаи Убайдуллоев маҳкум намудани зуҳуроти бегонапарастӣ, нақши Эмомалӣ Раҳмон дар Ваҳдати миллӣ, ҳамоишҳо бо неруҳои сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро ва ҳамкории мардум бо мақомоти қудратиро дар бар мегирад.
Бар асоси ин қарор ниҳодҳо ва масъулони шаҳри Душанбе муваззаф шудаанд, ки дар давоми ин сол маҳфилҳо ва барномаҳои радиоиву телевизиониеро дар мавриди «Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва ҳифзи Истиқлолияти миллӣ» баргузор кунанд.
Дар ин нақшаи чорабиниҳо инчунин баргузории маҳофил дар мавриди ҷавонон дар тарғиби фарҳанги миллӣ ва маҳкум намудани зуҳуроти бегонапарастӣ дар ҷомеа ва зарурати дидору ҳамкорӣ бо сохторҳои низомӣ ба хотири волоияти қонун ва гузаронидани чорабиниҳои муштарак бо аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ барои таҳкими сулҳ низ дар назар гирифта шудааст.
Убайдуллоев инчунин ба масъулин дастур додааст, ки 19 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахт бошукуҳ таҷлил карда шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |