Бархе аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон ва ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон тайи ирсоли як нома унвонии президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои руси ӯ навиштаанд: «Ҳукми зиндони ду халабони ширкати русӣ – Владимир Садовничий ва Алексей Руденко ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз сӯи мақомоти Русия тавъам афтодааст. Мо аз мақомоти Тоҷикистону Русия, ду кишвари дӯст, мехоҳем, ки барои идомаи ҳамкориҳои “хуб”-и дуҷониба саъй намуда, манфиатҳо ва ҳуқуқҳои шаҳрвандонашонро дар қаламрави ин ду кишвар риоя кунанд».
Ин дар ҳолест, ки гурӯҳе аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикрони Тоҷикистон шаби гузаштаи 14-уми ноябр дар Душанбе «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро ташкил доданд. Ин гурӯҳ дар назди худ мақсад гузоштааст, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгоҳ нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Гурӯҳи мусоидат ба ин ҳақиқат таъкид менамояд, ки таърихи тӯлонии равобити ҳамаҷонибаи мардуми тоҷику рус натиҷаҳои беҳтару барои ҷонибҳо манфиатовар дар ростои таҳкими ин дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро дорад.Аъзоёну ҳаводорони ин гурӯҳ низ унвонии мақомоти мухталифи Русия ва Тоҷикистон номаи расмӣ ирсол карданианд.
« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |