Тошканд вуруди одамону мошинҳоро аз Тоҷикистон манъ кард
Узбакистон аз имрӯз, 15-уми июн вуруди одамон, мол ва мошинҳо аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Қазоқистонро ба қаламраваш манъ кард.
Тибқи иттилоияи мақомоти марзбонӣ ин маҳдудият то 25-уми июн идома дошта, ҳадафи он таъмини амнияти президентҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мебошад. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонии Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфт, ки марзбонҳои Узбакистон ҳамтоёни тоҷикашонро аз ин маҳдудият огоҳ карданд ва он то анҷоми ҷаласаи СҲШ давом меёбад: "Аз ҷониби Тоҷикистон ягон маҳдудият ҷорӣ нашудаст".
Ҳамоиши сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд 23-24 июн бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Русия, Узбакистон, Чин, Қирғизистон ва Қазоқистон дар назар аст. Дар ҳошияи ин ҷаласа мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои узбакаш Ислом Каримов низ дар назар аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |