Ҳалокати муҳоҷири тоҷик аз зарби корди зани русаш
Як муҳоҷири тоҷик дар Русия аз дасти ҳамсараш кушта шудааст.
Бино ба иттилои ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар Русия мақтул Сайид Маҳмадаминов, сокини 44-солаи ноҳияи Рӯдакӣ будааст.
Баҳрулло Одинаев, як масъули ҷунбиши “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса 12 июн дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Сайид Маҳмадаминов се сол буда, ки дар шаҳри Королёви вилояти Маскав бо ҳамсари русаш зиндагӣ мекардааст. Манзиле, ки онҳо мезистаанд, ба занаш таалуқ доштааст. “Бо занаш дар ошёнаи шашум ҷанҷол мешаванд. Ҳамсараш дар ҳолати мастӣ бо корд ба бадани ӯ чанд бор зада, ба хона медарояд ва дарро қулф мекунад. Сайид ба берун баромада, меафтад. Ҳамсояҳо ба пулис хабар медиҳанд. Ӯ дар роҳ ба беморхона фавтидааст”,-афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Одинаев, ҷасади ин муҳоҷир дар сардхонаи шаҳри Королёв нигоҳдорӣ мешавад ва эҳтимол 16 июн ба Тоҷикистон оварда шавад. Ҳамсараш аз сӯи мақомот боздошт ва бозпурсӣ мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, Маҳмадаминов аз зани русаш фарзанд надоштааст. Дар Тоҷикистон соҳиби ду фарзанд будааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |