Ҳамсари Исҳоқ Табаров: Ӯро ғами писаронаш кушт (ВИДЕО)
Наздикони Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи тоҷик мегӯянд, саломатии ӯ пас аз эълони ҳукм алайҳи писари дувумаш бад шуд.
Зуҳро Шерова, ҳамсари Исҳоқ Табаров имрӯз, 14 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, то замони эълони ҳукми Далер Табаров шавҳараш ҳеч шиквае аз сиҳатии худ надошт: “Як моҳи охир бидуни ягон беморӣ вазнаш кам мешуд, вале пас аз рӯзи 31 май мегуфт, роҳи нафасаш месӯзад”.
Хонум Шерова мегӯяд, сешанбеи ҳафтаи гузашта шавҳараш дар беморхонаи маъруф ба “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе бистарӣ шуд ва якшанбе хабари маргаш расид: “Ҳеч кас бовар надошт, зеро бемориаш ҷиддӣ набуд. Шавҳарам вакили дифои писараш буд ва мо гуфтем табобат гирифта, омада, мурофиаҳои додгоҳии писарашро идома медиҳад”.
Додгоҳи шаҳри Ваҳдат охирҳои моҳи гузашта Далер Табаровро бо иттиҳоми “хабар надодан” 6 моҳ равонаи зиндон кард. Аз ин пештар Фирӯз Табаров, писари бузурги Исҳоқ Табаров дар “зархаридӣ” ва “даъвати оммавӣ барои аз роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон” муҷрим шинохта шуд ва 13,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Ба гуфтаи хонум Шерова, ҳамсараш аз ҳукмҳои додгоҳ норозӣ буда, бовар доштааст, ки Далерро дар рӯзи охири баррасии парвандааш ҷавоб медиҳанд: “Шавҳарам ғамбемор шуд. Рӯзи эълони ҳукми Далер дар вақти ҳукмро хондан толори додгоҳро тарк кард, дилаш набардошт. Ӯро ғами писаронаш кушт”.
Исҳоқ Табаров 12 июн дар 61-солагӣ дар бемористони “Якум Советский”-и шаҳри Душанбе даргузашт. Табибон сабаби фавти ӯро сактаи қалбӣ гуфтаанд. Вакили дифоъ дар қабристони Мавлоно Юсуфи Чархии шаҳри Ваҳдат ба хок супурда шуд.
Исҳоқ Табаров яке аз се вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 29 соли зиндон буд. Дар гузашта мақомот алайҳи Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров парвандаҳои боз карда, онҳоро боздошт карда буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |