Бахшҳо

Ду қории навраси тоҷик дар озмуни Дубай: Яке аз номи Русия дигаре аз Тоҷикистон (ВИДЕО)

Дар озмуни байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Дубай, ки ҳамасола дар моҳи шарифи Рамазон баргузор мешавад, имсол Тоҷикистонро Нуъмонҷон Абдуқодиров, навраси 16-солаи тоҷик намояндагӣ мекунад.

Тибқи иттилоияи баргузоркунандаҳои озмун имсол дар 20-умин мусобиқаи байналмилалии ҳофизони Қуръон дар Дубай 160 қорӣ аз кишварҳои ҷаҳон рақобат мекунанд. Қироати Қуръон аз ҷониби намояндаи Тоҷикистон 13-уми июн сурат гирифта, хуш пазируфта шудааст.




Озмуни имсола таҳти унвони “20 сол дар хизмати Қуръон” бо дастгирии Шайх Муҳаммад бин ал Мактум, ҳокими Дубай аз 6 то 24 июн идома меёбад.

Дар озмуни имсола навраси дигари тоҷик- Аёмиддини Фахриддин, фарзанди муҳоҷирони тоҷикистонӣ аз номи Русия баромад мекунад. Номи Аёмиддини Фахриддин қории навраси тоҷик замоне расонаӣ шуд, ки навори имтиҳон ва санҷиши ӯ дар як шабакаи телевизионии арабӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 4 миилион тамошобин пайдо кард. Ин навор бо номи “Ин тифл, бидуни баҳс муъҷизаи асри мост” (бо забони арабӣ) аз сӯи Муҳаммад абу Халифа, як корбар аз Урдун гузошта шудааст. Аёмиддини Фахриддин бо ин ки қории мураттаби Қуръон аст, вижагиҳои дигаре низ дорад. Ӯ тамоми саҳафоти Қуръонро бо матнҳояшон ҳифз кардааст ва ҳангоме аз вай пурсида шавад, ки дар фалон саҳифаи ин китоби муқаддас кадом оя ва кадом сура аст, бидуни мушкил ҷавоб медиҳад. Ва ё агар ояе гуфта шавад, бидуни ин ки ба кадом китобе назар андозад, рақами оя ва рақами саҳфаи Қуръонро номбар мекунад.


Мӯҳр
беном
овозат хаста набошад бародар

МошоАллох)
Бар Падару Модари ва Устоди ин Бузург хазор Рахмат!
Хело Оли!

Вафо
Худованд шумораи ин хел корихои куръонро зиёд кунад.

Нои
Беҳтарин!
Лекин як чизро аҳамият дода бошед. Номи намояндаи Тоҷикистон шакли русӣ дораду, номи намояндаи Руссия шакли тоҷикӣ.
Ин муҳим нест. Муҳим он, ки онҳо худро тоҷик шиносанд!

Худо чунин қориҳои номбардори ватанро зиёд кунад

Худованд сафи хаминхел шермардхоро зийода гардонад ва афсус ки дар кишвари мо мактаби хофизи курон нест,агар мебуд шояд инчоизахо хамасола насиби шербачахои точикистон мешуд,дар ватани мо факат мусики мактаби шашмакомхони асту халос.

FEDERAB
МошаАллох бехтарин, ахсан ва кулли суханхои хуб шоистаи ин ду аст.

Мо аз Худованди бузург хоҳони он ҳастем ин қориҳоро ҷои аввалро насибу рузи бигардонад!!!!
Омин!!!Омин!!!Омин!!!

ماشاء الله بارك الله
Мошоаллох! Худо хифозатат кунад... ба хамафакт муваффак боши

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)