Фирори чор қочоқчии афғон пас аз задухӯрд бо марзбонҳои тоҷик
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз як задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон хабар медиҳад.
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса нимашаби 13 июни соли равон дар яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии зертобеи Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ” ба вуқӯъ пайвастааст. Ба иттилои ӯ, чор тан аз қочоқчиёни афғон, ки шахсияташон маълум нест, марзи давлатии Тоҷикистонро ғайриқонунӣ убур карда, бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешаванд: “Қочоқчиён ба амри сарҳадбонони тоҷик итоат накарда, ҷониби онҳо оташ мекушоянд. Аммо ба муқовимат тоб наоварда, аз торикии шаб истифода бурда, тариқи қамишзор ба Афғонистон ақибнишинӣ мекунанд”.
Манбаъ мегӯяд, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса зиёда аз 22 кг маводи мухаддири навъи чарс дарёфт ва мусодира карда шуд: “Айни ҳол нисбати ин ҳодиса аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Хатлон тафтишот идома доранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |