Аз 16 то 18 соли зиндон барои ғорати ширкати “Озум”
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ се нафарро барои роҳзанӣ ва ғорати ширкати “Озум” дар ҷамоати деҳоти Россияи ноҳияи мазкур аз 16 то 18 сол равонаи зиндон намуд.
Тибқи иттилоияи додситонии кулли Тоҷикистон Азизҷон Каримов, Ҳусниддин Давлатов ва Бахтиёр Бурҳонов дар он гунаҳкор дониста шуданд, ки шаби 20 ба 21 ноябри соли 2015 дар деҳаи Чилмеҳроб ба бинои ширкати “Озум” ҳамла кардаанд. Манбаъ мегӯяд, ҳамлагарон бо таҳдиди парондан дасту пой ва даҳони посбон-Бурӣ Мирзобековро бо скоч баста, телефонаш-«Нокия» бо арзиши 180 сомониро гирифтаанд: “Сипас тирезаи ҳуҷраи кории ширкатро шикаста, аз дохили ҷевони оҳанин 10 ҳазору 370 доллари амрикоӣ ва 16 ҳазору 500 сомониро тасарруф намудаанд”.
Додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ барои роҳзанӣ Азизҷон Каримовро 18 сол, Ҳусниддин Давлатов ва Бахтиёр Бурҳоновро барои 16 солӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |