Русия ба пойгоҳи 201 танку “БТР”-ҳои нав оварду куҳнаҳоро бурд
Русия ба пойгоҳи низомии 201-аш дар Тоҷикистон ҳудуди 100 зиреҳпӯш ва танки нав оварда, куҳнаҳоро бозпас бурдаст.
Тибқи иттилоияи паҳнкардаи Ярослав Рошупкин, ёвари фармондеҳи ҳавзаи низомии марказии Русия, зиреҳпӯшу танкҳои нав тавоноии бештари ҷангӣ ва василаҳои муосири алоқа доранд.
Ба гуфтаи Рошупкин қаторе, ки таҷҳизоти нави ҷангӣ вориди Тоҷикистон намуд, бозпас техникаи нисбатан куҳнаро ба Русия бурд.
Пойгоҳи 201 калонтарин воҳиди низомии Русия дар хориҷи ин кишвар буда, беш аз 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |