Фарҳод дар бораи ишқи нокомаш бо Моҳгул: Иҷозат намедоданд, ки якҷо бошем (ВИДЕО)
Фарҳод Рустамов, ки якҷо бо амакдухтари дӯстдоштааш Моҳгул қасди худкушӣ кард, мегӯяд, якдигарро сахт дӯст медоштанд ва медонистанд барои якҷо шудани онҳо ҳеч гоҳ иҷозат нахоҳанд дод.
Фарҳод, ки 10 рӯз пеш аз қасди худкушӣ аз муҳоҷирати Русия омадааст, баъди ҷавоби радди волидони духтар субҳи 7-уми июн якҷо бо дӯстдоштааш қасди худкушӣ намудааст. Волидони Фарҳод дар суҳбат бо “Настояшее время” изҳор доштаанд, ки феълан Фарҳод аз марги Моҳгул хабар надорад ва метарсанд, ки баъди огоҳӣ ӯ боз қасди худкушӣ хоҳад кард.
Гузориши видеоӣ дар бораи ҷузъиёти ишқи нокоми Моҳгул ва Фарҳод:
Қаблан мақомоти ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликул ба “Озодагон” гуфтанд, ду дилдода-Моҳгул ва Фарҳод, ки амакзодаҳо мебошанд, баъди радди издивоҷашон ба далели манъи никоҳи хешу таборӣ қасди худкушӣ кардаанд.
Рузигул Рустамова, раиси бахши занони ноҳияи мазкур 10 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҷуфт писару духтари амак будаанд: “Вақте хонаводаи ҷавон барои хостгорӣ ба хонаи духтар мераванд, ҷавоби рад мегиранд. Волидони духтар мегӯянд, тибқи қонун никоҳи хешутаборӣ манъ аст ва ба хостгорон ҷавоби рад медиҳанд. Ин ду нафар аз сабукӣ ва беақлӣ даст ба худкушӣ мезананд. Мо миёни мардум никоҳи хешутаборӣ манъ гуфта, фаҳмондадиҳиҳо мегузаронем”.
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Фарҳоди 20-сола ва Моҳгули 16-сола тахминан соати 07:30-и рӯзи 7 июн бо нишони эътироз алайҳи радди издивоҷашон болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи Дӯстӣ баромада, даст ба даст худро аз ҷарии 100 метрӣ поин партофтаанд: “Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст”. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, волидон издивоҷи ин ду навҷавонро ба делели ноболиғ будани духтар рад кардаанд.
Ин қазия дар ҳолест, ки муқаррарот дар бораи манъи никоҳи хешутаборӣ расман аз 1-уми июли соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |