Бахшҳо

Муҳиддин Кабирӣ: Мо иштибоҳ кардем...

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ интизорот аз сабрашонро иштибоҳ гуфтааст.

Ӯ дар як суҳбат бо радиои “Замона” хушбинии ҳизбаш ва дигар неруҳои мухолиф нисбат ба ҳукумату ҳокимонро яке дигар аз иштибоҳҳо хондааст: “Мо фикр мекардем, ки агар сабру таҳамул кунем, мардум ба хиёбон нарезад ва мардумро ба раҳпаймоӣ даъват накунем, кофӣ аст давлат ҳам, ки раъйи воқеъии моро медонад, ки наздики 50 дарсад буд ва аз тарафи дигар ҳам мебинад, ки мо ба хотири дуздидани раъйамон ба майдон намерезем. Бароямон сулҳу ваҳдат аҳамияти зиёд дорад. Шояд ин омилҳоро ба назар бигирад ва самти муколама, гуфтугӯ ва эътирофи дигарон ҳаракат кунад, вале мо инҷо иштибоҳ кардем. Ман бояд эътироф кунам, ки иштибоҳи мо дар наҳзат ва умуман дар неруҳои опозитсионӣ он буд, ки аз ҳад зиёд нисбати ҳукумат ва ҳокимон хушбин будем. Мо бехабар аз он ки онҳо ба ҷойи ҳамкорӣ кардан ва дари гуфтунӯро боз кардан як тарҳеро кашиданд, ки бояд ба ҳар қиммате, ки бошад наҳзат ва дигар неруҳои мухолифро аз саҳна берун кунанд”.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ баъд аз интихоботи парлумонии соли 2015, ки ҳеч намояндаи ҳизб натавонист ба Маҷлиси намояндагон ворид шавад, Тоҷикистонро тарк намуд. Баъд аз ҳаводиси моҳи сентябри соли 2015, ки миёни мардум ҳамчун “исёни Ҳоҷи Ҳалим” маъруф аст, мақомоти Тоҷикистон Кабирӣ ва ҳизби ӯро дар ҳамдастӣ бо муовини собиқи вазири мудофиа муттаҳам карданд. Ба дунбол фаъолияти ҳизби наҳзат мамнӯъ шуд ва даҳҳо узви аршади он боздошт гардиданд. Ахиран, Додгоҳи олӣ ду муовини раиси ҲНИТ-ро ба ҳабси абад ва дигаронро аз 2 то 28 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Акс аз торнамои Радиои Замона
Мӯҳр
Шахрванд
Нолидана бас кун. Хамаро фанду фиреб карда худат гурехта рафтй ва хозир кайфу сафо када гаштаистодаи. Мо мардум хеч гох аз пушти Шумо баринхо ба майдон намеомадем огои Кабири. Мо аз аввал медонистем,ки Шумо бозичаи дасти дигаронед ва ба овози мусикии кадом кишвар ракс мекунед. Хайфи он шахсоне, ки Шуморо бовар карда аз пушти Шумо кунчи зиндон рафтанд. Мо миллати сарбаланди Точик шукри Худо сафедро аз сиёх фарк карда метавонем ва аз пушти хар нохалафхам рафтани нестем. Мо як бор дидем,ки Шумо чи тавр мардумро ба ду гурух чудо карда нисбати якдигар шуронидед. Озодагон нашр намо агар Озод боши.

haqiqat
Шахрванд,
savsata nagu! havoro nalarzon!

муосир
Аввал ин ки хамаи кори Шуморо Худованд медонам. Лекин агар максадатон созандаву барои мардум нафъовар мешуд, кумаки илохи ба шумо мерасид. Аммо Худо аъмоли ношоистаи шуморо дида, рахми миллатро хурд ва нияти нопокатон ошкор шуд.

САБРИ ШУМО БАХОТИРИ ХУШБИН БУДАНАТОН НИСБАТИ ҲУКУМАТ НАБУД УСТОДИ АЗИЗ..(чун шумо вақте ки дар ТҶ будед дида будед ки 100 ҳо ҷавони камбағалро бахотири наҳзати буданашон ба ҳар баҳона давлат бурд зиндон кард аммо шумо хичкоре барояшон накардед фақат нигоҳ кардед) БАЛКИ САБРИ ШУМО ФАҚАТ БАХОТИРИ МОЛИ ДУНЁ ВА РОҲАТИ ДУНЁ БУД..(чун шумо дар ТҶ беҳтарин зиндагира доштед ҳозир набудед ки зиндаги ба ин роҳатитона фадои наҳзату ислом кунед...зиндаги 100 ҳо ҷавони камбағале ки бахотири шумо ваӣрон шуд бурдан зиндониашон кардан дар назди шумо ҳич арзише надошт...вақте ки зиндаги худатон ваӣрон шуду ак нав фаҳмидед ва нав мегуед ки ИШТИБОҲ КАРДЕМ...

Мусулмон
Дуруг нагуед чаноби Кабири, шумо дар бораи тарафдорони хизбатон ва мардуми Точикистон кам фикр мекардед. То вакте ба шумо ичоза дода буданд, ки пули бозору дигар бизнесакхоятонро (ва пули арабхову эронихоро) хурда гардед, парво надоштед. Агар хамин хел давом кардан мегирифт, шумо хам як Нурии дигар мешудед. Мардум кур нест, мебинад, ки Нури ва Турачонзода чи гуна касру кушку карру фарр доштанду доранд. Кадом точик дар Рублевкаи Маскав каср дорад? Шумо медонед. Бачаи Абдулло Нури. Пул аз кучо? Пули хайрияи арабхо, ки шумо аз номи миллати мусулмони точик металабед ва дар кисахо мезанед. Мо дигар барои кисахои шумо ба кучахо "намерезем". Ин хобатонро ба об гуед.

точикистони нав
охир чуз сабру тахаммул дигар чорае набуд агар мардумро ба кучахо мебаровардед хавопаймохои бесарнишини рус омада бомбаборон мекарданд!

Равшан
Бояд 5 сол пеш расман аз рохбарии хизбат мебаромадию, бизнеси худро сахт мекапиди. Харчанд хамхизбонат хоин эълон мекарданд ту ба онхо мегуфти, ки хизбатон аз худатон. Хаёт як бор ба инсон дода мешавад. Акнун хозир хам аз ину хам аз он монди. Стратегияи пешгирифтаат ноль окои Кабири

точик
илтимос бародаро сафсата нагуед. Чизе ки аен аст хочат баен нест. мардуми шарифи точикистон худашон интихоб ба рафтан интихоб карданд вакили арзандаро.
ЛЕКИН Лекин ЛЕКИН ХАЙ ЛЕКИН

Кабири як иштибох не даххо чунин иштибохеро кардааст. Бо бахонаи сабр ва муомилахои пасипардагияш бо хукумат тамоми нирухои бедор ва чонибдорони нахзату нахзатиёни муборизро аз сахна дур кард. Дигаронро бо суханони нарму гарм фиреб дод. Имруз хам фиребкориву суханбози дорад. Кор кардану рохбари кардан асос аст ки ин ду торо Кабири дорад ва ё ки чуръаьташ кам де..

Ин Худо баргаштагонро кор чандон сахт нест,
Сахт кори мо бувад, к-аз мо Худо баргаштааст

Гости
Салом ба хама ба гости гуфтагиям ки бо маьлумоти хато мардуми покдили точика фарифта накун , нури як Тарафа сулх будан сахми вай шахс хам дар тенчи ва амони ва пешрави тчк кам нест . Нури ва фарзандонаш хич касре дар маскав надоран ин дуругаст, агар Дубай ё имарат мегуфти мумкин дуругат Каме зебо мешуд . Илтимос Чоп кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)