Чойи “Шифо”-и Муъминободро савғотӣ мебаранд (ВИДЕО)
Дар ҷануби Тоҷикистон як корхонаи хурд ба тавлиди чойҳои шифобахш машғул аст.
Ин корхона аз сӯи Сайидаҳтам Акрамов дар ноҳияи Муъминобод панҷ сол қабл таъсис дода шудааст. Ҷаноби Акрамов ба “Озодагон” гуфт, корхона мавсимӣ буда, дар он 15 нафар кор мекунанд: “Аз моҳи май сар карда, ба ҷамъоварии гиёҳҳо машғул мешавем. Баъдан онҳоро хушк, коркард ва бастабандӣ мекунем. Арзиши ин чойҳо то чор сомониро ташкил медиҳанд”.
Сайидаҳтам Акрамов мегӯяд, аз ҳама бештар чойи онҳо дар шаҳри Душанбе харидор дорад. Сайфулло Толибов, як корманди масъули корхона мегӯяд, чойи онҳо асосан барои дарди гурда, фишорбаландӣ, дилу асаб фоидабахшанд. Мардуми маҳаллӣ ин чойҳоро бо номи “Шифо” мешиносанд.
Гулбаҳор Азимова, як сокини 50-солаи шаҳри Турсунзода, ки дар ҳоли харидани чойи “шифо” буд, гуфт, онҳоро барои ҳамсояҳояш ҳамчун савғотӣ мебарад: “Ҳудам чор сол мешавад, ки аз ин чойҳо истифода мебарам. Барои фишори баланд беҳад хуб аст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |