Хадамоти амният: Ҳавопаймои Туркманистон ҳарими ҳавоии Узбакистонро нақз кард
Хадамоти амнияти миллии Узбакистон гуфтааст, марзбонони ин кишвар дар ноҳияи Музрободи вилояти Сурхандарё мушоҳида кардаанд, ки ҳавопаймои Ан-2 чанд бор аз ҷониби Туркманистон ҳарими ҳавоии Узбакистонро нақз кардааст.
Ба иттилои манбаъ, 10 июн як ҳавопаймои Ан-2-и рангаш сафед, бидуни доштани рамзи кишваре ба самти рустои Оқтоши ноҳияи Мурзободи Узбакистон парвоз карда, 200 метр ба қаламрави Узбакистон даромадааст.
Ин ҳавопаймо баъд аз парвоз дар нуқтаҳои марзӣ ба қаламрави Туркманистон баршгаштааст. Баъд аз як соат ҳамин ҳавопаймо ба самти рустои Қарокамари Узбакистон парвоз намуда, дигарбора ба Туркманистон баргаштааст.
Кумитаи давлатии марзбонии Хадамоти амнияти милии Узбакистон ҳушдор додааст, ки дар сурати такрор ёфтани ин гуна парвозҳо ҷониби Узбакистон барои ҳифзи ҳарими ҳавоии худ ҷораҳои зарурӣ хоҳад андешид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |