Бахшҳо

Б.Собир дар бораи Пешво, либоспӯшии ғайритоҷикӣ ва Мулло Абдуллою мухолифони исломӣ

Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, исломиёни мухолифи ҳукумат, либоспӯшии сиёҳи ғайритоҷикии бархе аз занон ва худшиносии миллию тарроҳони нооромиҳо дар кишварҳои ҷаҳон изҳори назар кардааст. Бозор Собир дар суҳбат бо хабаргузории давлатии “Ховар” Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ҳазорҳо бор арзандаи унвони Қаҳрамон ва Пешвои Миллат хонда, изҳор доштааст, ки агар афроде мисли Абдуллоҷонов ва Мулло Абдулло сари қудрат меомаданд, ҷумҳурӣ кайҳо аз даст рафта буд

“Озодагон” мусоҳиба бо шоири маъруфи тоҷикро бидуни тағйир пешниҳоди хонандаҳо мекунад:

Суол: Истиқлол ин орзуву омоли мардуми мо, бахусус аҳли зиёи кишвар буд. Ва Тоҷикистони моро имрӯзҳо дар ҷаҳон ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол эътироф кардаанд. Мафҳуми «истиқлол» аз нигоҳи Шумо

Бозор Собир: Воқеан ҳам истиқлол орзуву омоли садсолаи мардуми тоҷик буд, бахусус аҳли зиёи кишвар. Барои ба истиқлол расидан ва мақоми забони давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ насли замони мо бисёр талош ҳам кард. Вале дар солҳои аввали ба истиқлол расидан моро фиребу гумроҳ карданд, ба майдонҳо кашиданд, бародар бо бародар даст ба гиребон шуд. Ман борҳо гуфтам, боз ҳам мегӯям, ки моро фиреб доданд, мо ки саводи дурусти сиёсӣ надоштем, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтодем. Акнун ин мардум дигар таҷрибаву сабақ гирифтаанд, бояд ҳушёртар бошанду дубора ба доми ин гунаҳо, ки бо сенарияҳои нав ба нав зуҳур кардан мехоҳанд, наафтанд, бахусус ҷавонон. Тоҷикистон дар муқоиса бо давлатҳои ҳамҷинси хориҷиаш пешрафтатарин ҷумҳурист. Алалхусус дар соҳаи маорифу маданият, ободонӣ ва озодии занон. Озодии занони моро, ки асосан мероси Шӯравист, занони Шарқи исломӣ орзу ҳам карда наметавонанд. Ва ҳамин ки иншооти бузурги аср, ифтихори миллати тоҷик-НБО-и «Роғун» ба кор дарояд ва корхонаҳои саноатӣ боз ҳам бештар бунёд шаванд, истиқлоли мо комилтар мешавад.

Суол: Ба андешаи Шумо чӣ гуна метавон ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар вуҷуди инсонҳо, бахусус насли ҷавони мо бедор кард?

Бозор Собир: Миллате, ки худашро намешиносад, поруест, ки дар он миллатҳои дигар месабзанд. Худшиносӣ аввал дар оила ва мактаб, сониян дар муҳит тарбият мешавад. Вале аз бунёд масъулияти муқаддаси давлатист. Агар худи давлат намуна набошад, коре карда намешавад. БОМЖ-и амрикоӣ бо ранги зард, бо ишками варамида, бо дандонҳои шикаставу рехта дар ҷилу ҷанда печида, дар зери кӯпрук ё дар таги барфу борон дар паркҳо зиста, бо Амрико мефахрад. Чунки ӯ бо ҳамин ифтихор таваллуд шудааст. Падару модар ва мактаб сарчашмаи бедории миллӣ ва ватандӯстӣ барои насли ҷавонанд. Вақте худи падар ё модар дар тинат худшинос ё худогоҳ нест, магар аз насли ӯ бӯи умед аст? Ҳаргиз не! Агар аз наслу аҷдоду авлодаш огаҳ бошад, ба фарҳанги либоспӯшиву ахлоқи миллатҳои дигар пайравӣ мекунад? Аз либоспӯшии сиёҳи ғайритоҷикии бархе аз занон ва тозаву озода набудани сару рӯйи ҷавонписарони кишвар, ки гоҳ-гоҳе мебинам, бисёр афсус мехӯрам, ки чаро чунин бошад? Чаро занони кишварҳои ҳамсоя орзуи озодии занони тоҷикро мекунанду инҳо баръакси ҳол амал мекунанд? Ин аст магар худшиносӣ? Не, албатта.

Суол: Баъзе бадхоҳони миллат то ба имрӯз талош доранд, ки нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ поён баранд. Оё онҳо метавонанд дубора суботи кишвари моро халалдор созанд?

Бозор Собир: Мухолифини ҳукумати мавҷудаи Тоҷикистон асосан исломиҳоянд, яъне идомаи ҳамон мухолифони собиқ. Вале дониста бошанд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ муваффақ нахоҳанд шуд. Қаблан тоҷикон маҳдуд буданд, дӯсту душманро намешинохтанд, вале акнун нағз мешиносанд ва хеле оламу одамдида низ шуданд. Албатта, онҳо талош доранд, ки бо сенарияҳои нав ба нав вориди кишвар шаванду мардумро гумроҳ созанд, вале тирашон хато мехӯрад, ин тоифа барои сарвату мансабу кисаҳои худашон кор мекунанд. Дигар онҳо на дар фикри давлатанду на дар фикри миллату мардум.

Суол: Шумо дар як шеъри тозаэҷодатон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро Қаҳрамони ваҳдати тоҷикон унвон кардаед. Аз нигоҳи Шумо нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу Ваҳдати тоҷикон аз чӣ иборат аст?

Бозор Собир: Мо ҷангандозҳоямонро мушаххасан баъд аз табаддулоти Ироқ, Либӣ, Миср ва майдонҳои Украина шинохтем. Сенарияи ин спектакли хунинро душманони дохиливу хориҷӣ навишта буданд. Марказҳояшон куҷост, медонем. Дар Сурия низ айни ҳамин фоҷеа идома дорад. «Давлати исломӣ» ҳамон лагери террористии Бин Лодан аст, ки дар вақташ бар зидди СССР барпо карда буданд. Агар дар Тоҷикистони мо низ ҳамон солҳо мисли Абдуллоҷонов ва Мулло Абдулло барин нафарон сари қудрат меомаданд, ҷумҳурӣ кайҳо аз даст рафта буд. Яке далкаки сионизм, яке далкаки пантуркизм ва дигаре далкаки панисломизм будааст. Вақт нишон дод. Хайрият ҷумҳурӣ ба дасти шахсе расид, ки ба ҳеҷ идеологияи иртиҷоӣ олуда нест. Яъне, нақши барҷастаи Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон беш аз ҳама дар он аст, ки ҷумҳуриро бехалал нигоҳ дошта тавонист. Як ҷавони 40-сола аз байни мардум баромад, мардумӣ буд воқеан, дӯсташ доштанд, аз ягон мактаби партиявӣ нагузашта буд, сарвар интихобаш карданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мардум бисёр эҳтиром мекунанд, чунки бисёр як инсони хоксору оддӣ ва раиятпарвар аст. Ӯ ба унвони Қаҳрамони Тоҷикистон ва Пешвои миллат ҳазор бор арзандаю сазовор аст. Дар фарҷоми суҳбатамон мехоҳам ҷашни бузурги 25-солагии Истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми азизам муборак гӯям ва бигузор самои Ватани мо ҳамеша офтобӣ бошад.
Мӯҳр
Акаи бозор бас кун дигар хушомадгуиро. Шуморо дигар насли чавон шоир не балки .... мешиносанд. Агар вазифа даркор бошад ба ин гуфтану раксхоят намедиханд. Пир шуди бас кун рав дам гир аку. Монед дигар аз ин тараф ба тарафи дигар паридана.

Амлон
Бозор бозори шуд, дигар аз мода рафт!

Мухтарам Бозор Собир бехтар аст дар бораи сиёсат дар сахифахои рузномахо харф назанед. Имруз як харфро мезанед пагох назаратонро иваз мекунед. Худ хуб медонед, ки ман чи чизхоро дар назар дорам.

Мо хамамон медонем ки пешвои милат ватан дуст дораст аммо шумо....

Миллат
Шоири бузурги "сехучрагии" миллати точик. Барои хонаи сехучраги чияшро метияд.

Офарин устоди азиз, бехтарин шоир ва бехтарин патриот хасти, Устод Бозор Собир ба мисли хамон гулест ки аз хорхои танаш дасти одам озурда меёбад вале буи хушаш дунёро атргину зебо месозад.

шахрванд
Агар Бозор Собир танхо хамчун як шоир боки мемонд, шояд эхтиромашро гум намекард. Ӯ агар садҳо маротиба чунин "хушгуихо" кунад хам, он обрую эътиборе, ки хамчун як шоир дар замони шурави дошт, сохиб нахохад шуд

Аслан Бозор Собир дуруст каайд кардаанд , ягон исломи хукуматро намегирад , бигзор демократхо ё сотсиал- демократхо гиранд хуб чун бо исломихо меоянд мисли авгонистону эрон хамаро запрету селаи мухочир бо ба давлатхои аврупо меразад .

Zifri
Зинда бошед, устод Бозор Собир! Ба харзагуихои нафароне, ки аз гардишхои сиёсии давр умуман хабару тасаввуроте надоранд, ахамият надихед. Ифтихор дорам, ки вазъи имрузаро хуб ташхис кардаед. Бале, банда низ кахрамонихои Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, мухтарам Эмомали Рахмонро нодир ва лоики хазорхо офарин мехисобам. Ин чоплуси нест, чидди мегуям. На хар кас кодир аст, ки мисли у бегаразона ва аз тахти дил барои мо-точикон хизмат кунад.

Бозор Собир Мавкеъи сиёси надорад!

Паша пивбар.Чоми.
Хами шоир Бозор Собир,гражданини Америка мебошад,дар Точикистон регистрация дошта бошад?Агар регистрация надошта бошад,депортацияаш кунанд,аз Точикистон!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)