Ҳушдор аз таниши бештари тоҷикону чеченҳо ва пешниҳоди гуфтушунид
Саймуддин Дӯстов, таҳлилгари тоҷик ҳушдор додааст, ки нерӯе мехоҳад тоҷикону чеченҳоро дар Русия зидди ҳам шӯронад.
Дӯстов дар шарҳи хабари “Озодагон” дар бораи нашри наворҳои зидди ҳам аз ҷониби тоҷикону чеченҳо изҳор доштааст, ки бояд ҷилави ин танишро гирифт, то нохалафе натавонад аз ин вазъ сӯиистифода кунад.
Ӯ аз намояндагиҳои Тоҷикистон дар Русия ва фаъолони тоҷик дар ин кишвар- Абдулло Давлатов, Гавҳар Ҷӯраева, Каромат Шарипов, Хуршеда Ҳамроқулова, Иззат Амон, Каримҷон Ёров ва дигарон даъват намудааст, ки ҳарчи зудтар машварат ороста, ба густурда шудани нофаҳмиҳо роҳ надиҳанд: “Роҳбарони диаспораҳо ва масъулини сафоратро зарур аст, бо намояндаҳои Шӯрои ҷамъиятии Русия, бо роҳбарони чеченҳо мулоқот ороянд, то нохалафе аз вазъ сӯиистифода накунад”.
Дӯстов инчунин ҷалби рӯзноманигорони маъруфи рус- Максим Шевченко ва Владимир Соловёвро ба миёнҷигарӣ дар гуфтугузорҳо пешниҳод кардааст. Ин таҳлилгари тоҷик таъкид намудааст, ки ҷилави чунин ҷавонони тоҷикро, ки воқеан чеченҳоро таҳқир кардаанд, бояд пеш аз ҳама тоҷикҳои бохиради Русия бикашанд.
Ин ҳушдору пешниҳодҳо дар ҳолеянд, ки ахиран дар шабакаи Ютуб навори узрхоҳии як ҷавони хунолуди “тоҷик” аз тамоми чеченҳо нашр шуд. Ин қазия, рӯзи шанбе аз нашри як навор дар Ютуб зери унвони “тоҷикҳо беҷазо чеченҳоро таҳқир мекунанд” оғоз гардид. Дар навор ду ҷавоне, ки худро тоҷик мегӯянд, ҳангоми ғизохӯрӣ ба чеченҳо таҳдид мекунанд, ки онҳоро низ мехӯранд. Ҷавони “тоҷик” чеченҳоро дар ҳодисаи хунини қабристони Хованскоеи Маскав, ки сабаби марги се шаҳрванди Тоҷикистон шуд, гунаҳкор дониста, афзуд, ки “чеченҳо қаблан шоиста ва намуна”, аммо ҳоло “номард ва ночиз” шудаанд: “Онҳо бояд подоман пӯшанд”. Дар навори ахире, ки нашр шуд, “қаҳрамони асосӣ”-и навори қаблӣ бо сару рӯи хуншор ва зери мили туфангча аз тамоми мардуми Чеченистон узр мехоҳад ва мегӯяд манзураш “ҳамаи чеченҳо” набудаанд.
Дар Русия бархе аз таҳлилгарон аз ин қонуншиканиҳои рӯирости чеченҳо интиқод намуда, изҳор доштаанд, ки баъзе аз авбошони ин халқ дар назди қонун аз “иммунитети хосе” бархӯрдоранд. Дар пасманзари афзоиши наворҳои узрхоҳии маҷбурии афроди гуногун аз чеченҳо ва раҳбарашон Рамзан Қодиров сиёсатмадори рус Алексей Навалний суол гузоштааст, ки чаро онҳо рӯирост чунин наворҳоро нашр мекунанд? Ва худаш посух додааст, ки зеро Кремл онҳоро аз иммунитети хосу дахлнопазирӣ бархӯрдор кардааст. Навалний ҳушдор додааст, ки авбошони қонуниро дар хидмати давлат қарор додан оқибати бад дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |