Узрхоҳии марди афғон барои қатли даҳҳо ҳамҷинсгаро аз дасти писараш дар Амрико
Сиддиқ Матин, як марди афғони муқими Амрико, падари Умар Матин, ҳамлагар ба клуби шабонаи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Оландо аз мардуми Амрико узр хостааст.
Ӯ дар шарҳи ҳамлаи писараш ба клуби ҳамҷинсгароён, ки 50 куштаю 53 маҷруҳ барҷой гузоштааст, ба телевизиони “NBC” гуфтааст, “ин рабте ба эътиқоди динии вай надорад. Ду моҳ пеш, замоне, ки ду марди ҳамҷинсбозро дидааст, хашмгин шуда буд”.
Сиддиқ Матин барои амалкарди писараш аз мардуми Амрико узрхоҳӣ кардааст.
Тибқи иттилои расонаҳои Амрико Умар Матини 29-сола нисфи шаби шанбе ба якшанбе вориди клуб шуда, оташ кушодааст ва баъди ҳозир шудани пулис боз 30 нафари дигарро гаравгон гирифтааст. Дар натиҷаи амалиёти пулис Умар Матин кушта ва гаравгонҳо озод шудаанд.
Масъулияти ин ҳамларо “Давлати исломӣ” ба дӯш гирифтааст, аммо мақомоти Амрико мегӯянд, далели робитаи ҳамлагар бо ин созмони террористиро надоранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |