Ҷавони фиттафурӯш ҳамдеҳаи худро бо корд куштааст
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як ҷавони 18-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун бо иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ хабар дод.
Тибқи иттилои ин ниҳод, гумонбаршуда тахминан соати 21:40-и рӯзи 10 июн дар мағозаи фиттафурӯшиаш, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Қумсангир “аз рӯи хусумати пешакӣ бо ҷавони ҳамсол ва ҳамдеҳааш ҷангу ҷанҷол карда, сипас бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба қисми пеши тарафи чапи қафаси синаи охирин задааст”.
Манбаъ мегуяд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст: “Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |