Ҳушдори ройзани Эрон дар Душанбе: Ин рaҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст
Иброҳими Худоёр, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон зимни суханронӣ дар конфронси “Мақоми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ” ба осебҳои мавҷуд дар ҳавзаҳои сегонаи форсзабонон-тоҷикӣ, форсӣ, дарӣ ишора карда, маҳалгароиро бузургтарин таҳдид дар ин замина донистааст.
Тибқи иттилои торнамои Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон Иброҳими Худоёр зимни ин ҳамоиши илмӣ дар Душанбе изҳор доштааст, ки “бидуни тардид оғози ҷудоии ин забонҳо аз суннати ниёгон ва маҳсур шудан дар зиндони тангу тори маҳалгароӣ ба баҳонаи посдорӣ аз забони модарӣ, оғози марги ин забонҳо ва ба навъе хиёнат ва пушти по задан ба суннати неки гузаштагон аст, ки агар дар масал замоне шоире дар Шероз нағма сар медод, касони бисёре дар Деҳливу Лоҳур ва Самарқанду Бухоро бо вай ҳамнаво мешуданд”.
Ройзани Эрон дар идомаи суханронияш ҳамчунин зикр кардааст, ки “имрӯз мо Худое накарда набояд коре кунем, ки шоири машҳадӣ натавонад аз шеъри хуҷандиву кобулиҳо лаззат бибарад ва шоири душанбегӣ натавонад бо шеъри теҳрониёну шерозиён зиндагӣ кунад”.
Иброҳим Худоёр рози мондагории забони форсиро, парвоз дар осмоне ба густурдагии Ҳалаб то Кошғар дониста ва гуфта, ки агар давлатҳои форсизабон ҷуз ин коре анҷом диҳанд, мисдоқи шеъри Саъдӣ қорор мегиранд:
Тарсам нарасӣ ба Каъба эй аъробӣ,
Ин рaҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |