Ширкати навтаъсисе табобатгоҳи “Шоҳамбарӣ”-ро харид

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мегӯяд, табобатгоҳи “Шоҳамбарӣ” аз миёни ду довталаб ба ширкати “Рӯҳафзо-2015” фурӯхта шудааст.
Манобеи “Озодагон” бо тасдиқи ин иттилоъ аз ифшои соҳиби ширкат ва нархи фурӯш худдорӣ карданд.
Бар асоси эълони музоядае, ки Кумитаи сармоягузорӣ аввали баҳори соли равон дар мавриди фурӯши “Шоҳамбарӣ” нашр кард, маблағи муқаддамотӣ барои хариди ин табобатгоҳ 3,1 миллион сомонӣ муқаррар гардида буд.
Ба иттилои Кумитаи сармоягузорӣ, соҳиби нави табобатгоҳ муваззаф аст, ки давоми се сол онро бозсозӣ карда, фоидаовар бигардонад.
Ҳамчуннин соҳиби нав вазифадор шудааст, 530 ҳазор қарзи ин табобатгоҳро пардохт кунад ва дар давоми 10 сол барои рушди он на камтар аз 10 миллион сомонӣ масраф намояд.
Ҳамчунин ин ниҳод дар пеши соҳиби нави “Шоҳамбарӣ” шарт гузоштааст, ки дар муддати 3 сол мутаносибан фоидаи онро то 7 млн сомонӣ бирасонад, зеро дар соли 2014 даромади ин табобатгоҳ ҳамагӣ 1,5 млн сомониро ташкил додааст, ки аз ин миқдор фоидаи соф ҳамагӣ 76 ҳазор сомонӣ будааст. Инчунин коргарони доимиро бояд то 200 нафар бирасонанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳамагӣ 60 нафар будаанд.
“Шоҳамбарӣ” дар солҳои соҳибистиқлолӣ, то соли 2008 хусусӣ буд, вале давлат онро дубора моликияти худ эълон кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |