Бахшҳо

Суҳбати коргардони филм дар бораи тоҷикон: Аз фасоду исломгароӣ то орзуи ҳамсояи Президент

Денис Шабаев, коргардони филми мустанади “Кори бегона”, ки аз ҳаёти Фаррух, як муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, дар бораи бардоштҳои худ аз тоҷику Тоҷикистон суҳбат кардааст.

Ин коргардони рус, ки тайи беш аз як сол ҳаёти Фаррух ва хонаводаашро дар Русияю Тоҷикистон наворбардорӣ кардаасту филмаш чанд ҷоизаро соҳиб шуд, дар ҳошияи ҷашнвораи “Кинотавр”, зимни як мусоҳибаи худ аз тоҷикон тавсиф кардааст. Ӯ ҳамчунин вазъи зиндагиро дар Тоҷикистон сангин ва кишвари моро як кишвари авторитариву фасодзада унвон кардааст.

Денис Шабаев зимни суҳбат дар бораи филми “Кори бегона”, ки ба сарнавишти муҳоҷирони тоҷик оид аст, изҳор доштааст, ки зиндагии муҳоҷирони тоҷик хеле зуд тағйир мекунад: “Барои мисол ман дар бораи як муҳоҷир мехостам филм бисозам, вале ӯро хеле зуд аз Русия ихроҷ карданд ва маҷбур шудам қаҳрамони нав бикобам”.

Шабаев дар бораи қаҳрамони филмаш бо номи Фарух, ки барои филмбардорӣ борҳо ба хонаашон ба Душанбе омадааст, мегӯяд: “Онҳо хонаи бисёр хубе дар маркази Душанбе, дар паҳлуи қасри Президент доранд, вале дар Маскав онҳо дар як вагонча зиндагӣ мекунанд”.

Филми ҳуҷҷатии "Кори бегона" дар бораи Фаррух мебошад, ки барои пайдо кардани маблағ ба Русия меравад ва дар баробари ин мехоҳад ҳунарманд шавад: “Дар ин филм Фаррух, муҳоҷири ҳамроҳ бо падару модар ва бародараш, ки дар Маскав зиндагӣ мекунанд, барои ба даст овардани маблағ розӣ ҳаст ҳамаи корро анҷом диҳад. Вале Фаррух танҳо барои пайдо кардани маблағ ҳамсару фарзандони худро дар Ватан танҳо нагузоштааст, ӯ инчунин орзу дорад, ки ҳунарманди муваффақ низ гардад”.

Суҳбати коргардони филм дар бораи тоҷикон: Аз фасоду исломгароӣ то орзуи ҳамсояи ПрезидентШабаев мегӯяд, дар пайи шинохти хубаш аз тоҷикон эҳтиромаш нисбати ин халқ афзоиш ёфтааст. Ӯ инчунин дар бораи як корманди Хадамоти федеролии муҳоҷират (ФМС)-и Русия дар Тоҷикистон қисса кардааст: “Кормандони “ФМС” дар Тоҷикистон ба ман хеле кӯмак карданд. Яке аз онҳо гуфт, баъди ду соли кор дар Тоҷикистон ва дидани тоҷикҳо аз дохил дигар забонаш намегардад, ки тоҷикҳоро “чурка” хитоб кунад”.

Ин коргардон муътақид аст, ки ошноии бештар бо тоҷикҳо аз дохил муносибати русҳоро бо онҳо метавонад тағйир бидиҳад.

Ба саволи хабарнигор дар мавриди ин ки фарҳанги тоҷикон решаи бисёр бостонӣ дорад, вале дар баъзе ҳолатҳо ин мардум барои ба даст овардани иҷозаи кору иқомат дар Русия таҳқир мешаванд ва оё онҳо дар ин маврид ғурури худро таҳқиршуда медонанд, чунин посух додааст: “Ин барои ман ҳам муаммост. Шумо ҳодисаи марги кӯдакаи 5-моҳаро дар Питер ба хотир доред, ки аз амали милисаҳо фавтида буд ва модарашро бо кӯдаки мурда ихроҷ карданд. Ин ҳодиса бисёр нангин буд, вале дар Тоҷикистон касе вокунише накард. Ҳамчунин муносибати “ФМС”-ро тоҷикон ба сифати таҳқир намепазиранд. Онҳо худро аз Русия ҷудо намекунанд ва то кунун бо он руҳия зиндагӣ мекунанд, ки ҷузъи шӯравиянд. Вале дар Русия онҳоро ҳамчун бегона, “сиёҳ” мепазиранд. Бо вуҷуди фарҳанги қадима онҳо ба шароите, ки инҷо интизорашон мебошад, худро таҳқиршуда намедонанд”.

Шабаев гуфтааст, ки агар ба тоҷике муяссар шавад, ки дар Русия ба чизе муваффақ шаваду бимонад, дар ватанашон ӯро инсони муваффақ меҳисобанд. Дар деҳот хонаҳои касонеро, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд нишон медиҳанд, ки бар асоси меъёрҳои маҳаллӣ хонаҳои зебое мебошанд.

Коргардони рус илова намудааст, ки дар Тоҷикисто зиндагӣ дар ҳақиқат сангин аст, фасод ба таври боварнакарданӣ вуҷуд дорад ва ислом ба таври хеле фаъол пеш меравад: “Бисёриҳо медонанд, ки дар ҷануби ин кишвар борҳо парчами сиёҳи ДИИШ барафрохта шудааст, вале дар як кишвари фасодзадаи авторитарӣ бунёдгароии исломӣ як навъи мубориза барои озодӣ аст ва чизи дигаре нест. Дар Душанбе ҳоло ба таври хеле пурсарусадо сохтмонҳо идома доранд, вале намедонам дар онҳо чаро тоҷикон неву чиниҳо кор мекунанд. Деҳоте ҳаст, ки танҳо онҷо занҳо, кӯдакон ва як ду мӯйсафед боқӣ мондаанд ва мардҳо ҳама яксара ба Русия омадаанд. Ва ҳамаи инҳо мавзуъҳои бисёр ҷолибе барои киносозӣ мебошанд”.

Шабаев гуфта, ки тоҷикон талош доранд, ки худро ба русҳо мутобиқ кунанд ва касоне, ки имкон доранд кӯдакони худро ба мактабҳои русӣ месупоранд.
Бояд гуфт ин филми Денис Шабаев "Кори бегона" дар ҷашнвораи филмҳои ҳуҷҷатии "Нигоҳи воқеӣ" дар Швейсария соҳиби ҷоизаи "Беҳтарин дебюти навоварона" шуда буд.
Мӯҳр
суҳбатҳои хуб ба воқеъият хеле наздик як чизро бояд қайд кард,ки сабаби дар сохмонҳои Душанбе кор кардани чиниҳо аз он иборат аст,ки Хитой давлате ҳаст ки вақте ба ягон давлат шартонома мебандат барои сохтани ягон бино ё корхона мувофиқи шартнома пул медиҳад онҳо мегӯянд ки мо ин корхона ё биноро худамон месозем. акнун бинед онҳо пули додаашонро бозпас мегиранд вале қарздор шудани мо Тоҷикистониён мемонад.агар дар ин биноҳо мо тоҷикон кор мекардем ин пулҳо ба кисаи мо медаромад...вале афсус ки мо "бегонапараст"шудем

Гунг.Метро.
Холо барьакс шудааст.Зинлаги дар Точикистон хело хуб шудааст.Бинед,хамачо мошин кор,хонахои зебо,ташкилихову чорабинихои хурсанди,махфилу консертхо.Барьакс дар мухочирати Россия мухочирон азоб мекашанд.Як духтури дипломдори чавон,солхо орзуи дар Россия кор карданро дошт.Ба шахри Санкт-Петербург омад.Гинеколог шуд...Хамаги як хафта кор кард,бас карду билети бозгашти самолет харид.Пурсидем уро,чавоб дод,ки дар ин чо,нисфирузивк бегохихо аз хисоби худат,дар ошхона е буфети дохили бинои поликлиника хурок мехури.Дар Точикистон,дардмандон(пациент) хо е хешу таборонаш,духтурро хар нисфирузихо ба ошхонахо ,е тарабхонахо даьват мекунанд.Е халтахои пур аз хуроквориву лаьлихои ошу табакхои шурборо ба хузури духтурон,ба хучрахои онхо мебиеранд.Ин чо як мох кор мекуни,боз 10-12- руз интизор мешави,ки кай музди мехнат медиханд.Не,не нашуд,рафта дар дуртарин нохияи Точикистон духтур мешаваму дигар ба Россия намеоям,чавоб дод у...Дар даромадгоху гирду атрофи Маркази ягонаи хизматрасонии мухочирон(ЕМЦ) -и шахри Санкт-Петербург,худоро шукр точикону точикистонихо хело кам мебошанд.Дигар мисли солхои пеш,садои гуфтугуи бо лахчахои дехотии занхову духтарони точикро намешунави.Хело кам,хатто вонахурдам,рузхои охир.
Як чавонзани точик,ки солхои сол инчо зарфшуву фарроши як ошхонаи хурокхои шарки буд,ба Точикистон баргашта,дар беморхонаи Каряи Болои шахр альон бухгалтер кор мекунад.Маоши кораш 800-сомони аст.Изхор кардааст,ки бо чунин маблагу мукофотпули шохона зиндаги дорад.
Охиста охиста,процесси бозгашти мухочирон ба ватан огоз шудааст.Иншооллох дигар точикистонихо ру ба чониби Россия нахоханд овард.Холо сатхи маошу нафака баланд шудааст.Шояд,ки акнун мардум дигар фикри мухочиратро накунанд.

АРЗИШ
Коргардони мухтарам ту киносози омадаи ё барои тахлиил раванди исломишави дар ЧТ....МАБОДО АМНИЯТ РУСИЯ БОШИ...АМНИЯТИ ТОЧИКИСТОН БЕДОР ШАВ......

Muhojir
Man ham hayroni tahkirhurii tojikonam.Charo mo tojikon dar yagon mavridi pastzanivu shattahuriamon hudro tahkirshuda namehisobem, vokunish namekunem??? Charo mo tojikon "turo gazad maro chi gam" guyon zindagi mekunem? Charo mo tojikon tifok nestem? Charo mo tojikon dar somonaho (hususan dar Youtube ,zeri surudahoi duhtaroni tojik) tojikoni hudamonro, duhtaroni tojikro dashnomu tahkir mekunem? Charo mo in kadar ,yakuyakbora pastu begurur shudem? Shoyad ba yak peshvoi hakiki zarurat dorem.

Садо
Гунг.Метро.,
Ё мастӣ ё рӯза таъсирашро гузоштааст, ки ҳарзагӯӣ дорӣ.

Исломишавии Руссия аз чи бошад аз хама зиед дар ДИИШ аз Россия кавкозихо зиед

Гунг.Метро.
Садо,
Бешухи?????!!!!Хайр харзагуи хам бошад,рост намегум?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)