Муроҷиат ба Президент: Супоришатон дар мавриди ҷарроҳии духтарам пурра иҷро нашуд

Ҳаётбегим Нуруллоева, як сокини шаҳри Хоруғ бо навиштани нома ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз пурра иҷро нашудани дастури ӯ дар мавриди ҷарроҳӣ кардани духтараш шикоят кардааст.
Хонум Нуруллоева дар номааш навиштааст, ки Эмомалӣ Раҳмон соли 2015 ҳангоми сафар ба шаҳри Хоруғ дастури пайдо кардани беморхонаи беҳтарин барои табобати духтараш ва пардохти харҷи онро дода буд. Ҳаётбегим дар хитоб ба Президент навиштааст: “Ҷустуҷӯи беморхона аз сӯи Вазорати тандурустӣ анҷом шуд. Бунёди Оқохон 7 ҳазор доллар ҷудо кард ва мо баъди 6 моҳи дидор бо шумо ба Санкт Петербург рафтем. Дар Тоҷикистон ваъда доданд, ки мо ба Институти илмӣ-таҳқиқотии ортопедии кӯдаки Г.И.Турнер меравем. Аммо бо сабабҳои номаълум Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо беморхонаи нейрохирургия ва ортопедияи кӯдаки Донишгоҳи давлатии Санкт Петербург мувофиқа кардаанд. Мутаассифона, бо расидан ба Русия бе фаҳмонидани сабаб ҷойи табобати моро Беморхонаи кӯдаконаи вилоятии Ленинград (буҷавӣ) муайян карданд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо сабабҳои тиҷоратӣ маро маҷбур кард, ки дар ҳамин беморхона табобат гирам. Интихоби дигар надоштам. Ҷарроҳӣ нодуруст гузашт. Он печҳоеро, ки дар сутунмуҳраи фарзанди ман гузоштанд, дар ҷарроҳии дуввум гуфтанд хато рафтаасту боз гирифтанд. Бо ин кор духтари маро дучори мушкилоти бештар карданд”.
Ҳаётбегим навиштааст, ки ӯ баъдан ба беморхонаи Турнер меравад ва онҷо мегӯянд, ки ҷарроҳиҳои қаблӣ нодуруст ва бо нархи гарон анҷом шудаанд: “Ҳоло бо сабаби беҳуда масраф шудани маблағ наметавонам дигар бо духтари худ дар беморхона бошам”.
Ба қавли ӯ дар муддати чор моҳи зиндагӣ дар Санкт Петербург 895 ҳазор рубли русиро масраф кардааст, ки аз ин 7 ҳазор доллар аз сӯи Бунёди Оқохон ва боқимонда пули Вазорати тандурустии Тоҷикистон будааст: “Аз сабаби он, ки дар марҳилаҳои аввал ҷарроҳӣ нодуруст анҷом ва маблағ масраф шуд, барои марҳилаи саввум пул намерасад”.
Ҳаётбегим Нуруллоева навиштааст, ки Вазорати тандурустӣ аз ҷузъиёти мушкили ӯ огоҳ аст, аммо масъулин онро ҳал накарда истодаанд: “Ин ҷо савол пайдо мешавад, агар онҳо намехоҳанд, чаро пулҳои Бунёди Оқохонро мустақиман ба беморхонае, ки бо он мувофиқа шуд, нафиристоданд?”
Ин сокини шаҳри Хоруғ аз Президент дархост кардааст, ки идомаи табобат ва тақдири духтарашро таҳти контроли худ бигирад: “Ман дар чорроҳа қарор дорам. Дар вазъияте қарор дорам, ки наметавонам бо кӯдаки беморам ба Тоҷикистон баргардам. Аммо, мондан дар ғарибӣ бо кӯдаке, ки сутунмуҳрааш маҷруҳ аст, имкон надорад. Барои гузаронидани ду марҳилаи охирини ҷарроҳӣ пул нест”.
Хонум Нуррулоева аз раисиҷумҳур хоҳиш кардааст, ки Вазорати тандурустиро барои иҷро кардани уҳдадориашон муваззаф кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |