Волидони Сино: Барои зер кардани милиса аз мо пули хона талаб доранд (ВИДЕО)
Волидони як ҷавони 18-cола аз ҷануби Тоҷикистон, ки писарашон бо мошин як корманди милисаро маҷруҳ кардааст, мегӯянд, аз онҳо пули як хонаро талаб доранд. Синои Амрохон сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон як моҳ қабл бо сабукрави худ як сержанти милисаро зер кардааст. Як корманди Шӯъбаи умури дохилии ноҳия ба “Озодагон” гуфт, ин ҳодиса тақрибан соатҳои 22:15-и шаби 3 апрели соли равон дар кӯчаи Темуршоҳ Раҳимов ба вуқӯъ пайвастааст: “Синоро аз ҷойи ҳодиса дошта, ба шӯъба овардем. Сержанти милиса Алиҷон Кабирзода дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи минтақавӣ дар шаҳри Кӯлоб бурда шуд”. Манбаъ мегӯяд, Кабирзода онҷо вазифаи хидматиашро адо мекард ва бо либоси корӣ қарор дошт. Ӯ афзуд, дар пайи ин ҳодиса як пойи сержант шикаста, баъди чанд рӯзи табобат ба манзилаш рухсат шуд ва ҳоло дар хона табобат мегирад. Додситонии ноҳияи Муъминобод зарари расидаро миёна арзёбӣ кардааст.Амрохон Давлатов, падари Сино мегӯяд, он шаб писараш бо хоҳиши дӯсташ -- Аҳлиддин барои хабар кардани ҷанозаи бибии ӯ рафта буд: “Писарам мегӯяд, дар роҳ як мошин муқобили онҳо омад ва бо сабаби аз ҳад равшан будани чароғҳояш идораи мошинро аз даст дод ва ин ҳодиса шуд”. Ба қавли волидони Сино тамоми харҷи табобати Алиҷон Кабирзода бар души онҳост. “То имрӯз 8 ҳазору 500 сомонӣ харҷ шуд ва минбаъд ҳам барои муолиҷаи вай пул медиҳем” ,-мегӯяд Амрохон Давлатов. Аммо ба гуфтаи ӯ волидони ҳамсари Кабирзода талош доранд, фарзандашон суд шавад: “Падару модари Кабирзода одамҳои хуб будаанд. Талошҳои моро барои табобати ӯ дида, аз гуноҳи писарам гузаштанд. Худи Кабирзода ҳам даъво надорад. Вале хусуру хушдоманаш пули як хонаро талаб доранд”. Падари Сино мегӯяд, 23 сол аст дар Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳияи Муъминобод ба ҳайси дарбон кор карда, дар яке аз утоқҳои он бо хонаводааш зиндагӣ мекунад ва имкони харидани хона барои Кабирзодаро надорад. Санифа Саидова, модари Сино ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, панҷ сол мешавад, ки фишори хун дорад ва баъди ин ҳодиса саломатиаш якбора бад шуд: “Ман ҳам модар ҳастам. Сино писари ягонаи ман аст. Хоҳиш мекунам писари маро суд накунанд. Аз хонаводаи зани Кабирзода хоҳиш дорам, ки аз даъвояшон гузаранд. Барои табобати ӯ ҳар чӣ лозим шуд мекунам, аммо имкони пардохти пули як хонаро надорем”. Ин дар ҳолест ки 7 июн парвандаи Синои Амрохон ба суди ноҳияи Муъминобод ирсол шуда, қарор аст то охири ин моҳ мурофиаи додгоҳии ӯ баргузор шавад. Падари Кабирзода дар як сухбати телефонӣ ба хабарнигори “Озодагон” гуфт, панҷ сол мешавад, ки писарашон дар хонаи волидони ҳамсараш зиндагӣ мекунад. Талош барои тамос бо волидони ҳамсари ӯ бенатиҷа буд. Волидони Сино мегӯянд, ин ҳодиса барои писарашон дарс шуд ва минбаъд хеле эҳтиёткор мешавад. Онҳо мегӯянд, агар фарзанди ягонаашон пушти панҷара биравад, зиндагӣ дигар барояшон маъно нахоҳад дошт. VIDEO
Дар акс Синои Амрохон
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 »Душ Сеш Чор Пан Ҷум Шан Якш 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29 30