Ҳамлаи "покистонӣ"-ҳо ба сайти сафорати Ҳинд дар Душанбе
Сомонаҳои ҳафт сафорати Ҳиндустон дар хориҷи ин кишвар ҳадафи ҳамлаи “хакер”-ҳои ҷонибдори Покистон қарор гирифтаанд.
Тибқи иттилои “The New Indian Express” сомонаи сафоратҳои Ҳиндустон дар Тоҷикистон, Туркия, Юнон, Мексика, Бразилия, Африқои Ҷанубӣ шикаста шуда, дар он шиорҳо ба ҷонибдорӣ аз Покистон ҷой дода шуданд. Ҳамлагарон худро "Романтик" ва “Ҷинояткор” муаррифӣ карда, дар сомонаҳои шикастаашон шиорҳои “Нерӯи Покистонро эҳсос намо”, “Зинда бод Покистон”, “Ташвиш накашед”, “Мо року шумо шок” ва ғайраро ҷой додаанд.
Рахнагарони сомонаи сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон худро “Intruder” муаррифӣ карда, дар хитоб ба ҳукумати Ҳиндустон изҳор доштаанд, ки бо мо шухӣ накунед, зинда бод артиши Покистон.
Феълан сомонаи сафорати Ҳиндустон дар Душанбе дастнорас мебошад. Масъулини сафорат ба “Озодагон” изҳор доштанд, ки айни ҳол наметавонанд иттилои дақиқеро дар ин бора ироа кунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |