Бахшҳо

Манъи никоҳи хешутаборӣ-далели худкушии Моҳру ва Фарҳод

Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликул мегӯянд, ду дилдода-Моҳру ва Фарҳод, ки амакзодаҳо мебошанд, баъди радди издивоҷашон ба далели манъи никоҳи хешу таборӣ қасди худкушӣ кардаанд.

Рузигул Рустамова, раиси бахши занони ноҳияи мазкур имрӯз, 10 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ин ҷуфт писару духтари амак будаанд: “Вақте хонаводаи ҷавон барои хостгорӣ ба хонаи духтар мераванд, ҷавоби рад мегиранд. Модари духтар мегӯяд, тибқи қонун никоҳи хешутаборӣ манъ аст ва ба хостгорон ҷавоби рад медиҳад. Ин ду нафар аз сабукӣ ва беақлӣ даст ба худкушӣ мезананд. Мо миёни мардум никоҳи хешутаборӣ манъ гуфта, фаҳмондадиҳиҳо мегузаронем”.

Тибқи иттилои Вазорати умури дохилӣ Фарҳоди 20-сола ва Моҳрӯи 16-сола тахминан соати 07:30-и рӯзи 7 июн бо нишони эътироз алайҳи радди издивоҷашон болои теппаҳои деҳаи Умеди ноҳияи Дӯстӣ баромада, даст ба даст худро аз ҷарии 100 метрӣ поин партофтаанд: “Дар натиҷа духтари ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва ҷавони 20-сола бо гирифтани ҷароҳатҳои гуногуни вазнини ҷисмонӣ дар беморхона, бистарӣ гаштааст”. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, волидон издивоҷи ин ду навҷавонро ба делели ноболиғ будани духтар рад кардаанд.

Абдуназар Рустамов, амаки Фарҳод Рустамов имрӯз, 10 июн дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ки вазъи саломатии бародарзодааш беҳ шудааст, аммо ба далели осеб дидани сараш наметавонанд зиёд ба ӯ суол диҳанд.

Шералӣ Ҳодиев, мудири шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилояти Хатлон ба “Озодагон” гуфт, вазъи саломатии Фарҳод Рустамов вазнини миёна буда, 4 қабурғаи тарафи чапаш шикастаанд: “Санаи 7 июни соли ҷорӣ, соати 9:15 дар ҳолати ниҳоят вазнин беморро оварданд. Фишори хунаш 60 ба 40 буд ва осеби мағзи сар дошт, аммо узвҳои дарунааш зарар надидаанд. Ҳозир вазъи саломатиаш вазнини миёна буда, эҳтимол то 10 рӯзи дигар табобатро дар беморхона давом хоҳад дод”.

Ин қазия дар ҳолест, ба гуфтаи Рӯзигул Рустамова дар ноҳия соли ҷорӣ як талабаи мактаб низ даст ба худкушӣ зада буд: “Як духтар-хонандаи синфи 11-ро, ки волидайнаш нагузоштанд ба туй равад, худашро овехта буд. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 зан даст ба худкушӣ задаанд, ки яктоаш бемории рӯҳӣ дошт. Бештар дар пайи баҳсҳои оилавӣ худкушӣ кардаанд”.
Мӯҳр
Мактаб чи кор мекУнад? Ефтанд бахонаро: Масъулияти падару Модар.....Ин аст окибати шахсони тасодуфиро ба вазифахои рохбари таъин намудан. Хамаи ин ходисахо аз мактаб маншаъ мегирад.

номдор
хай чи даркор манъ. маъракахо, масчидрави ришмони, никохи хешутабор манъ.... да оянда хурок, обхури. нафаскаши .... мурдан ха мань мекнанд

Виркан
Тамоми хукукшиносонро аз парлумон пеш кардан даркор - общество в котором много законов это испорченное общество.
Бо конун кор накунед, балки бо ахлок бо фарханг бо вазъи иктисодии мардум, бо маориф кор кунед. Миёни мардум гардед, ба мардум фахмонед, ана пасон шумо парлумони хохед шуд, вагарна алавмони хастед, на парлумони. Шармзадахои руи олам. Доктори илми хукук аст аз барои худо на ба забони давлати ва на ба забони дигар як чумлаи дуруст навишта наметавонад боз ин чанобон конун тахия мекунанд, ки муносибатхои чомеаро танзим кунад.
Э вооойи миллати ман, эээ войй.

Запретный плод сладок, Сердцу не прикажешь, -это пословицы которые придумали не мы, а время. Зачем? Придурковатость заретов убивает людей, Родители тоже крассавцы, сказазали б "подождите дети, подрастёте и сыграем вам свадьбу" не было б такой трагедии. Я не уверен что пацан после выздоровления не попытается убить себя ещё раз???

Darvesh
Мақомоти ноҳияи Дӯстӣ, собиқ Ҷиликул мегӯянд, ду дилдода-Моҳру ва Фарҳод, ки амакзодаҳо мебошанд, баъди радди издивоҷашон ба далели манъи никоҳи хешу таборӣ қасди худкушӣ кардаанд.
Ofarin ba tamomi javonho davom dodan girenbad parlumoni tojikiston ba khulosae meoyad ki na kheshu tabor na din va gayra peshi ishqu oshiqira girtifta nametavonad!!!!!!!!!!!! NA QONUN !!!!!!!!!!

Ман бо тамоми нерую қувваи худ дар роҳи худ истодаам ва ҳеҷ гоҳ аз амакдухтари худ рӯ гардондани нестам. То ҳол ягон хешутабори набуд. Ин ҳама оқибати дохил намудани ҳама маҳсулоти хориҷа ки ҳама модаҳои зарароварро дорост

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)