Даргузашти Ҳабиб Муҳибиён, овозхони саршиноси эронӣ (ВИДЕО)
Расонаҳои эронӣ аз марги овозхон ва таронасарои машҳур Ҳабиб Муҳибиён иттилоъ додаанд.
Ба иттилои хабаргузориҳо, Муҳибиён дар 63-солагӣ бо далели аз кор мондани қалбаш дар шимоли Эрон даргузаштааст. Ҳабиб Муҳибиён, ки аз хонандаҳои саршиноси Эрон маҳсуб мешавад, баъди Инқилоби исломии Эрон ба Амрико муҳоҷират карда, дар Лос Анҷелос ба хонандагӣ машғул буд. Ӯ ҳудуди 6 сол пеш барои идомаи фаъолият ба Эрон бозгашт. Ба иттилоии “BBC форсӣ” бозгашти ӯ ба Эрон ба вокунишҳои чеҳраҳои муҳофизакор рӯбарӯ шуд.
Ҳабиб Муҳибиён барои фаъолиятҳои ҳунарӣ борҳо дар Эрон боздошт шудааст. Гуфта мешавад, бо вуҷуди талошҳои зиёд муваффақ нашуд дар Эрон иҷрои расмӣ дошта бошад ва ё маҷмӯи таронаҳояшро мунташир кунад. Нахустин албоми ӯ бо номи “Марди танҳои шаб” пеш аз Инқилоби исломӣ мунташир шудааст. Дар ҳоле ки дар Амрико 12 албоми таронаҳояш вориди бозор гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |