Бахшҳо

Милиса корафтодаи “слансипӯш”-ро ба Вазорати маориф роҳ надод

Маъмури милисаи назди даромадгоҳи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон як корафтодаро ба далели “слансӣ”-ҳои пояш нагузоштааст, вориди бино шавад.

Алишер Раҷабализода мегӯяд, рӯзи 9 июн хост, мактуби як шиносашро аз навоҳии дурдаст ба масъули Вазорати маориф ва илм расонад, вале барои доштани “слансӣ” дар пояш милисаи назди даромадгоҳ ба ӯ иҷозаи вуруд надодаст: “Аввал гуфт, даро, аммо чун дар пойам “слансӣ”-ҳоро дид, маро аз роҳам боздошт. Гуфт бо чунин пойафзол ба вазорат омадан мумкин нест. Дар дастурамали вазорат чунин гуфта шудааст. Гуфтам дар ин гармии зиёд чунин пойафзолро интихоб кардам ва аз қабл намедонистам, ки мумкин нест. Лекин милиса розӣ нашуд, ки ман вориди бино шаваму мактубро ба нафаре, ки ному насабаш он ҷо навишта шуда буд, расонам”.

Раҷабализода афзуд, ки дар ниҳояти гуфтугузорҳо милиса танҳо иҷозат додааст, ки мактубро аз берун ба ҳуҷраи қабули ҳуҷҷатҳои вазорат супорад: “Аз масъулини ин нуқта, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, хоҳиш намудам, ки мактубро ба ҷои лозимӣ расонанд”.

Аз дафтари матбуотии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфтанд, дар дастурамали вазорат мушаххасан барои ворид шудан ба бино бо “слансӣ” чизе дарҷ нашудааст, аммо талабот чунин аст, ки либос бояд расмӣ бошад. Тибқи иттилои ин ниҳод, аслан либоси расмӣ барои кормандон гуфта шудааст: “Қабули шаҳрвандон ҳамарӯза баъди соати 2 аст, шуъбаи умумӣ аз берун ҷойи қабули мактубҳоро дорад, зарурати даруни бино даромадани шаҳрвандон ҳам нест”.
Мӯҳр
Самандар
И мардума хичи наган тайи турсй хам меоянд... Охир коида коида аст, онро бояд риоя намойи. У я тайи дигаш бо шортик бонк рафтанй будаст. Чум и одамо сарошун вейрун шидай-чй?

Сиёвуш
Асалан сабаби хамаи бесаводи ва чангу чидоли мактабиён (ва хам камбудихои дигари богчаву мактаб) дар шакли нодурусти кор дар хамин вазоратхона аст. Мо бо "шарофат" -и барномаи нодурусти ин вазорат дар мактабхои миёна 8 сол хам забони англиси омузем, онро ёд намегирем (зеро барнома нодуруст тархрези шудааст!), хамеша бояд дар мактабу богча пул бидихем (зеро ончо хиссаи кариб хама - аз боло то поён хаст!), устод хамеша аз шогирд дур буд ва худро аз нухбагону табакаи болои мегирифт ва зарур намедонист, ки бо шогирд наздиктар ва мисли дуст бошад, бо либосу галстук саргарм шуда, сифати таълим ва тарбияро фаромуш кардаанд, холо хам баъзе донишчуёне хастанд, ки имсол хатм кунанд хам саводи хатто дуруст навиштани чанд чумларо бо забони точики надоранд. Аммо ин вазорат хамеша фикр мекунад, ки ба хамаи ин Занги Охиру либосу сланси гунахкор аст ....
Гуё онхо намедонанд, ки мардум аз пули зодрузу печкаву ремонту кулфу хатто журнали дарси безор шудаанд, баъзе устодони бесавод хатто сумкахои шогирдонро дар мактаб нигох медоранд, ки то онхо барои хатми мактаб 100 сомони биёранд, гуё дар вазорат намедонанд, ки то пул надихи фарзандатро ба синфи аввал намегиранд, гуё онхо намедонанд, ки мураббияхои богча ва муаллимони мактаб заминаро барои коррупсия фарохам овардаанд, мактаббачаро порахури меомузанд, хуни волидонеро, ки 5-6 фарзанди мактабхон доранд, мемаканд...Кани хадамоти зиддиинхисори, ки нархи муассисахои мактабиро тафтиш кунад, кани макомоти дахлдор, ки ба дасти муаллиму муаллимахои порахор завлона бизанад, кани макомоти санчиши, ки хуччатгузори шудани маблагхои мардумро дар мактабу богчахо тафтиш кунад, кани вазорати маориф, ки санчад, ки кадом мураббияи богча аз 3 афсона бештар медонад, кадом намуди бозихои точикиро медонад, чи асбобу ашёи айёни дорад??? Ё чаро муаллимаеро, ки хатто барои зодрузи худаш шарм надошта, аз шогирдон 5- ва 100 сомони чамъ мекунад, чазо намедихад??? Чаро вазорат имтихонсупориро барои дохил шудан ба мактабхои хоричи кишвар кариб ки пинхони баргузор мекунад ва натичаи он тамоман шаффоф нест? Чаро мардум намедонад, ки барои кадом донишгоххои хоричи квота чудо шудааст? Кихо метавонанд аз имтиёз барои муассисахои олии хоричаи дур ва наздик бахравар бошанд?

Ин "вазорат" бошад, дар даромадгохи худ хамин гуна эълон часпонидааст, ки "вуруд шудан факат бо либоси расми аст" (?). Агар як камбагале шиму костюм надошта бошад, чи кор кунад? Дар гармо либосу пойафзоли сабук пушида бошад, гунахкор шудааст? Кай сохтакориро бас мекарда бошем? Кай табии ва вокеъи мешавем? Кай???

бачаи мефахмидаги
Самандар худта ика доно мегири

Илхом
Хой мардум-журналистон...... Хафа нашаведуууу о шумо дигар кор надоред, ки ба навиштани чунин мавзуъхо даст мезанед? Хазор-хазор проблема истодаги як мавзуъхоеда даст мезанед ки хандаи кас меояд.... Илтимосссс мавзуъхои хаёти нависед ки мардум аз хондани он халоват барад на ин ки ба навиштаи шумо ханданд.....

Кабули шахрвандон ин ба номаш Кабул асту тамом. Хамаги 3-5 дакикаро ба ту медиханд, ки дар кушода асту хама даро-баро доранд. Фикратро гуш мекунанд, аммо Боре хам онро ичро намекунанд. Хаволаашро ба ягон нафар мепартоянд. Хеч гох худи Вазир ягон корро ичро намекунад.Озодагон, илтимос Чоп кунед!!!!

маорифи каблукченкун
хами шумо кай бас мекунед аз слансаю туфлию чен кардани каблуку, ришу, саллаю, иринкаву дигару дигар.....гуи ки дар точкстон хама мушкилот хал шуда бошаду факат мушкилоти сару либос халношуда бошад..

Мусофир
Худи хозир дар ноҳияи Ҷоми аз талабагони мактаби миёнаи №62 барои ҳар як имтиҳон 10ғсомони ситонда мешавад.Инро ҳама медонад,аммо касе эътироз намекунад,чунки як менталитети миллати мо ҳамин аст,ки намехоҳем ки аз дигарон кам бошем ва фарзандони худро дар пеши ҳамсолон беобру насозем!

Ноа
Ба диққати масъулин. Он дастурамал барои шумо ҳаст, на барои шаҳрвандоне, ки бо арзу шикоят меоянд.
Ин мард ҳам бояд аризаро тибқи тартиби муқарраргардида месупорид.
Горе от ума.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)