Бахшҳо
10 июн 2016 12:37Тоҷикистон / Сиёсат

Талаби Аврупо барои раҳоии З.Саид, Азизхоҷаев, наҳзатиҳои аршад ва...

Парлумони Иттиҳоди Аврупо бо қабули қатънома аз афзоиши боздошти вакилони мудофеъ, мухолифони сиёсӣ ва наздикони онҳо изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар ин қатънома, ки 9 июни соли 2016 нашр шуд, гуфта мешавад маҳдудият дар озодии баён, интернет, мухобироти телефонӣ ва озодиҳои динӣ ҳам нигаронкунанда мебошанд. Ба ин тартиб, намояндагони Парлумони Аврупо даъват кардаанд, ки шахсони бо ангезаҳои сиёсӣ боздоштшуда, аз ҷумла Абубакр Азизхоҷаев, Зайд Саидов, Мақсуд Иброҳимов, Маҳмадалӣ Ҳайит, Сайидумар Ҳусайнӣ ва 11 аъзои дигари ҲНИТ озод шаванд.

Дар ин қатънома таъкид шудааст, “Иттиҳоди Аврупо аз тариқи Тоҷикистон барои боло бурдани ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна манфиатҳои ҳаётӣ дорад. Аммо ҳамкориҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо амиқан бо арзишҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ тавъам ҳастанд”.

Дар ҳамин ҳол, Дафтари Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳам панҷшанбеи 9 июн аз зиёд шудани таъқиб ва зиндонӣ шудани мухолифони сиёсӣ нигаронӣ кардааст. Дар нишасти 8-уми солонаи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ҳуқуқи башар дар Душанбе аз Тоҷикистон дархост шудааст, гузоришҳои шиканҷа ва нақзи ҳуқуқ, мурофиаи зиндониёни мухолифин, аъзои оила ва вакилони мудофеи онҳоро ба таври комил таҳқиқ кунанд. Дар ин нишаст, ки бо ҳузури Тоиво Клаар, раҳбари умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва Шараф Каримзода, муовини сардори раёсати ҳуқуқи инсони дастгоҳи иҷроияи Президент баргузор шудааст, намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо ишора ба нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мудофеони ҳуқуқи башар, аз масъулини тоҷик хостааст, ки кори онҳоро осон кунанд. Иттиҳоди Аврупо инчунин аз намояндаҳои ҳукумати Тоҷикистон хостааст, ки фишор ба рӯзноманигоронро коҳиш дода, аз масдуд кардани сомонаҳои хабарӣ даст бикашанд.

Аврупо аз иқдоми ахир ба манзури боло бурдани тадбирҳои қонунӣ алайҳи шиканҷа истиқбол карда, мақомоти Тоҷикистонро барои иҷро шудани ин қонунҳо ва ба маҳкама кашидани дастандаркорони шиканҷа даъват кардааст.
Мӯҳр
Ургути
О хамин иттиходи аврупоро ки гуш меккнад?..кори худатонро кунед.Ин нахзатихо дар чорчубаи конуни ЧТ ба чавобгари ва махбас кашида шуданд.оромии кишварро нахостанд ана акнун ором мешаванд..русхо як гапи хуб доранд."сварила кашу вот и расхлеблевай"бигзор дар назди конун чавоб диханд.аниктараш чавоб дода истодаард

Ургути,
Бародари Ургути! Ту аз кадом конун харф мезани? Ба гуфтаи ту ин карад нафарону гуруххо эътироз мекунад онхо хамааш Дибил хастанд? Ту як маротиба ба майнаи сари худат фикр кун, то кай мисли Тути аз дахони дигарон сухан мекуни?

Антиургути
Ургути,
Бра отдихта быкы! Иттиходи Аврупо санкцият банда, пизнес меши!

Умар: Душанбе
Дигаронро намедонам чи хел гунах доранд вале хамин Абубакро хангоми дар заводи "Точикгидроагрегат" кор карданаш ба хуби мешиносам.Ин мардак кораш аловмони буд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)