Тибқи иттилоияи додгоҳ Ҳайдаров ҳамроҳ бо ду шаҳрванди Русия Сергей Горепякин ва Валерий Акудҷаб дар ғоратгирӣ муттаҳам мешаванд ва бинобар поён наёфтани таҳқиқи парванда муҳлати ҳабси ҳар сеяшон тамдид шуд.
Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, муттаҳамон моҳи июни соли гузашта аз суи пулиси Маскав дастгир шуда буданд ва зимни амалиёти боздошт 7 мошини раҳгузар ва ду мошини пулис осеб диданд.
Видеои боздошт:
Расонаҳои русӣ аз Суҳроб Ҳайдаров, шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон, ки ҳангоми боздошт тир хӯрдааст, боксёри касбӣ ва барандаи нишони нуқраи қаҳрамонии Осиё дар навъи гуштии самбои муҳорибавӣ ном мебаранд. Ӯ дар доираҳои варзишӣ бо лақаби “Перс” машҳур будааст.
Ба иттилои расонаҳои русӣ ин гуруҳ дар ғорати беш аз 20 мошини инкассаторӣ ба маблағи 50 миллион рубл дар давоми якуним сол муттаҳам мешаванд.