Додхоҳии пиразани 78-сола аз Эмомалӣ Раҳмон: Хонаамро ғайриқонунӣ гирифтанианд

Шарофат Ҳасанова, як сокини шаҳри Хуҷанд мегӯяд, манзили ӯро мехоҳанд бо роҳи фиребу зӯр соҳибӣ кунанд.
Ин пиразани 78-сола дар номаи бозе, ки унвонии раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, раиси Додгоҳи олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён ва Додситони кулл Юсуф Раҳмон ирсол кардааст, мегӯяд, манзили ӯ туҳфаи падараш дар соли 1964 аст. Дар ин нома, ки нусхаи он ба “Озодагон” ҳам равон шудааст, муаллиф мегӯяд, соли ҳафтум аст, ки барои адолат ба осонаи суди шаҳриву вилоятӣ ва олӣ меравад: “Ҳанӯз моҳи январи соли 1964 падарам Мирхолиқов Устоочил бароям хонаеро аз маҳаллаи Себзори шаҳри Хуҷанд (собиқ Ленинобод), ки он ҷо зиндагӣ мекардем, туҳфа намуд. Бо гузашти солҳо ин манзили зист баҳси зиёдеро ба бор овард, ки аз он хеле хаста шудам”.
Шарофат Ҳасанова менависад, моҳҳои июли соли 2009 писараш Абдурауф Ҳасанов ва келинаш Малоҳат Маҳмудова барои тиҷорат ба сехи ордбарории Илҳомҷон Оқилов, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, муроҷиат намуда, чанд бор барои хариду фурӯш орд гирифтаанд: “Бо гузашти вақт писарам ва келинам азОқилов Илҳомҷон маблағи ордҳои гирифтаашонро дода натавониста, қарздор мешаванд ва барои таъмини пардохти қарзашон манзили зистамон воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Себзор 55-ро, ки бевосита ба номи ман тааллуқ дорад, бо роҳи фиреб маро ба Идораи давлатии нотариалии вилояти Суғд бурда, имзоямро мегиранд. Баъдтар мефаҳмам, ки ман ба номи Оқилов Илҳомҷон ваколатнома, ки аз 2-юми сентябри соли 2009, таҳти №5В-1098 ба расмият дароварда шудааст, гӯиё ба маблағи 300 000 сомонӣ фурӯхта бошам. Ҳол он ки миёни ман ва Оқилов Илҳомҷон ягон шартномаи хариду фурӯш тартиб дода нашудааст ва ҳатто дар бораи хариду фурӯши манзили истиқоматиам касе маро огоҳ ҳам накарда буд. Оқилов Илҳомҷон ҳамчун харидор ба ҳавлии ман ягон маротиба наомадааст ва оид ба хариду фурӯши он ягон савдо ҳам байни мо нашудааст. Зеро, ваколатнома барои хариду фурӯши ҳавлӣ бо роҳи фиреб ва ғайриқонунӣ аз ман гирифта шудааст”.
Дар идомаи номаи ин пиразан омадааст, 4 сентябри соли 2009 Илҳомҷон Оқилов ҳавлиро ба номи ҳамсараш Махфират Оқилова гузарондааст: “Агар Оқилов Илҳомҷон ин манзили баҳсиро харида бошад, пас чаро дар он то ҳол ман истиқомат дорам? Яъне, баръало дида мешавад, ки ҳамаи ҳуҷҷатҳои Оқилов Илҳомҷон сохта мебошад. Бар илова келинам Малоҳат Маҳмудова бо моддаи 247, қисми 4-и КҶ ҶТ ҷазо гирифта, дар ҷойҳои маҳрум аз озодӣ қарор дорад. Лекин Илҳомҷон Оқилов бо ин қаноатбахш нагашта, боз мехоҳад, бо роҳи ғайриқонунӣ соҳиби манзили ман гардад”.
Хонум Ҳасанова дар муроҷиат ба Президенти Тоҷикистон гуфтааст, давоми 7 сол аст, ки ин қазия ҳалли худро наёфтааст. Ӯ мегӯяд, ин баҳсро суди шаҳри Хуҷанд ва Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди олӣ ба фоидаи вай, аммо Суди вилояти Суғд ва Раёсати Суди олӣ ба нафъи Махфират Оқилова ва Илҳомҷон Оқилов ҳал кардаанд: “Аз ин рӯ, охирин умеди ман Шумоед – муҳтарам Президент. Аз даргоҳи Худованд дар ин моҳи мубораки шарифи Рамазон умед мебандам, ки маҳз Шумо ба доди мани пиразан мераседу мушкилии маро ҳал мекунед, вагарна манзиламро ғайриқонунӣ кашида мегиранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |