Донишманди умури дин хостори манъи “Салафия” дар Қазоқистон шуд
Як донишманди умури дин аз Қазоқистон дар пайи ҳаводиси Оқтеппа даъват кардааст, то ҷараёни “Салафия” дар кишвараш расман мамнӯъ эълон шавад.
Рӯзи 5 июн дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон афроди мусаллаҳ ба мағозаи силоҳ ва қисми низомӣ гвардияи ин кишвар ҳамла карданд. Дар пайи ин ҳамла 6 нафар, бо шумули се низомӣ кушта шуд. Масъулияти ин ҳамлаҳоро гуруҳе бо номи “Артиши озодии Қазоқистон” ба уҳда гирифт.
Аскар Сабдин, донишманди умури дин ва раҳбари Маркази машваратӣ ва тавонбахшии “Ансор” гуфтааст, дар қазияи Оқтеппа таъсири идеологияи беруна вуҷуд дорад: “Мумкин аст, ки ин фатво ё даъвати яке аз идеологҳои терроризм дар Ховари Миёна бошад. Бидуни шак, тафтишот ҳамаро нишон хоҳад дод. Ҳамалоти Оқтеппа масъалаи тасмимгириҳои муносибтари ҳуқуқиро дар миён мегузорад”.
Ба бовари ӯ, дар мубориза алайҳи терроризм набояд танҳо аз равишҳои иттилоотӣ ва нерӯ кор гирифт: “Майдони тасмимҳои ҳуқуқӣ холӣ мондааст. Барои мисол, нисбат ба “Салафия” хеле таҳамулпазир шудаем”.
Сабдин таъкид кардааст, ки “агар хоҳем муборизаи мо бо решаи терроризм бошад, пас фикр мекунам, ки ин ҳамалот бояд сабаби тасмимгириҳои сиёсӣ дар мавриди мамнӯъ эълон кардани “Салафия” бошад”.
Тибқи омори Аскар Сабдин дар Қазоқистон бештар аз 600 нафар ба ҷурми терроризм маҳкум шудаанд, ки бахши аъзами онҳо худро пайрави “Салафия” донистаанд. “Ман фикр мекунам, ки террористҳои феълӣ ҳам худро аввал “Салафӣ” муарифӣ карда, баъдан, эҳтимолан худро тарафдори ДИИШ ҳам мегӯянд”,-изҳор доштааст ӯ.
Пешниҳоди манъи ҷараёни “Салафия” аз сӯи ин донишманди қазоқ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон 7 сол қабл ин равия мамнӯъ шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2009 фаъолияти “Салафия”-ро дар қаламрави кишвар манъ кард. Нафароне ки бо ин иттиҳом боздошт мешаванд, бар пояи банди 189, қисми 2-и Кодекси ҷиноӣ (барангехтани кинаву адовати миллӣ, нажодӣ, маҳлгароӣ ва динӣ) муҳокима мешаванд. Ин банд аз то панҷ соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |