Бахшҳо

Пурсиш: Афзоиши музди меҳнат аз кадом ҳисоб ё манбаъ аст?

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо судури як фармон маоши кормандони соҳаи буҷавиро боло бурд. Бар пояи ин фармон маоши хидматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаву ташкилоти буҷавӣ ва андозаи нафақаву стипендия аз якуми июли соли ҷорӣ мутаносибан аз 15 то 30 дарсад боло бурда шуда, ҳадди ақали музди меҳнат 60 дарсад (400 сомонӣ) бештар мегардад. Бо таваҷҷуҳ ба иҷро нагардидани нақшаи даромади буҷаи давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон ва авҷи буҳрони молӣ дар кишвар, “Озодагон” аз коршиносон пурсид: АФЗОИШИ МУЗДИ МЕҲНАТ АЗ КАДОМ ҲИСОБ Ё МАНБАЪ АСТ?


Ҳоҷимуҳаммад УМАРОВ, профессори илмҳои иқтисодӣ
Ростӣ ман намедонам, ки боло бурдани маош аз кадом сарчашмаҳо сурат мегирад. Инро аз раиси Бонки миллии кишвар пурсидан лозим, он кас метавонанд гӯянд, ки аз кадом ҳисоб аст.

Зафар АБДУЛЛОЕВ, коршинос
Дар сурате ки давлат бо пули миллии худ маошро зиёд мекунад, ин ҷо фикр мекунам дар масъалаи пул мушкиле нест. Ин иқдом дар аввал миқдори пулро дар бозор каме зиёдтар мекунад. Як амалиёти Бонки миллӣ низ, ки барои нигоҳ доштани қурби пули миллӣ гузаронида шуд, нишон дод, ки дар бозор миқдори пул кам шудааст. Фикр мекунам 15-30% боло бурдани музди маош ба иҷрои буҷаи давлатӣ ва бозор зарар намерасонад.

Мавҷуда СОҲИБНАЗАРОВА, журналист
Вақте ки тамоми соҳаҳо дар Тоҷикистон ба буҳрон рӯбарӯянд, вақте мардум дигар қобилияти харидорӣ надоранд, вақте корхонаҳо сари вақт маоши мардумро дода наметавонанд ва боварии мардум ба бонкҳо коста гардидаасту қарзи берунии Тоҷикистон рӯз ба рӯз афзоиш меёбад, баланд бардоштани маош ин на фақат фиреби мардум, балки фиреб хӯрдани худи ҳукумат аст. Мушовирони иқтисодии ҳукумат як бор намебинанд, ки дар бозор вазъият чӣ гуна аст?

Зулфиқори ИСМОИЛИЁН, коршиноси масоили иқтисодӣ
Ростӣ ман намедонам ин аз кадом сарчашмаҳо аст, вале то ҷое иттилоъ дорам мо ҳамон даромаде, ки ба боло бурдани ҳақу ҳуқуқи мардум бояд мусоидат кунад, ҳамон маблағро надорем. Давлати мо аз ҳисоби андоз, даромадҳои гумрукӣ ва ҷарима мехоҳад камбудиҳои буҷетиро пушонад, ки ин бисёр роҳи хатарнок низ ҳаст, чаро ки ин ба пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии мардум муосоидат намекунад. Он тавре ки 15-30% маош зиёд мешавад мегӯянд, шояд ин нисфи он бошад, ки сатҳи таваррум дар Тоҷикистон боло рафтааст. Албатта, ин як тарафи хуб ҳам дорад, ки боло бурдани маоши мардум иқдоми таблиғотии давлат мешавад ва мардум фикр мекунад, ки давлат дар фикри мо ҳасту маошҳоямонро зиёд мекунад, ин кор хуб аст. Аммо аз тарафи дигар давлати мо дигар илоҷ надорад, чун қавл дода буд, ки маошро зиёд мекунад, бояд иҷро намояд. Дар маҷмӯъ ин хуб аст, ки давлат талош мекунад аз сарчашмаҳои гуногун маблағ пайдо намояд ва маоши мардумро баланд кунад.

Сироҷиддин САИДМУРОДОВ, коршиноси масоили иҷтимоӣ
Дар ҳоле ки буҷаи имсола ва пардохтҳои он ба иҷро нарасидаанд, аз кадом ҳисоб боло бурдани маоши кормандон ва стипендияи донишҷӯёну ҳақмузди бознишастагӣ барои ман муаммост. Бубинед, тайи ду соли ахир интиқоли маблағҳои муҳоҷирон аз Русия низ ба таври назаррас (то 70-75%) коҳиш ёфта, ин ба бахши молиёту бонкдории кишвар зарар расонидааст. Ба ҳар сурат 10-20 дарсад боло рафтани ҳаҷми маоши кормандони бахши давлатӣ дар Тоҷикистон боис ба боло рафтани нарху наво дар бозори истеъмолӣ мегардад, ки ин ба ҳеч ваҷҳ ба нафъи шаҳрвандон нест. Илова ба ин дар Тоҷикистон бозори истеҳсолоти ватанӣ фаъол нест, маҳсулоти дохилӣ қариб, ки истеҳсол намешавад, пас аз кадом ҳисоб маош боло бурда мешавад? Инро бояд аз Вазорати молия ва Бонки миллӣ пурсид.

Аслиддини ҶӮРАБЕКОВ, омӯзгор
Барои ман муҳим нест, ки аз кадом сарчашмаҳо маоши кормандони соҳаи буҷавӣ баланд мешавад, муҳим ин аст, ки маоши моро зиёд намоянд ва мо дар таъмини рӯзгорамон танқисӣ накашем. Фикр мекунам албатта, ки давлат сари ин масъала чораандешӣ намудааст ва барномаи мушаххасе ҳам дорад. Дар умум ман аз ин иқдом хеле шодам ва умедворам, ки афозоиши маош дар рушди зиндагии мо то ҷое мусоидат хоҳад кард.

Сафаров МИРЗОАЛӢ, тоҷир
Буҷа асосан аз ҳисоби андозҳо, даромадҳои муваққатӣ, фурӯши коғазҳои қиматнок ва дигар сарчашмаҳое, ки қаблан ба нақша гирифта мешавад, пур мегардад. Бо зиёд гардидани манбаъҳои иловагӣ давлат низ имкони зиёд намудани музди меҳнат ва бештар намудани маблағгузории соҳаҳоро ба нақша мегирад. Агар шаҳрвандон аз бонкҳои тиҷоратӣ амонатҳои худро гирифта наметавонанд, ин мушкили бонкҳои тиҷоратӣ аст.
Мӯҳр
коршиноси давлати
э зикнашаветон мо хукуматдорон як гуфтемдия

Мисол, шумо 100 доллар доштед, ки 500 сомони буд ва барои додани маош ками мекард. Акнун он 800 сомони шуд. Ин як рох.
Дигараш бештар чоп кардани пул.
Дар мачмуъ ба ин рох ворид намудани пули накд ба рагу шарёни иктисод усули хуб аст. Бехуда баъзехо инчо камбуди мекобанд. Бучаи як оиларо бисёрамон дуруст танзим карда наметавонем, вале бучаи як кишвари калонро танзим кардан осон аст магар?

усмон
Барои мардум фарк надорад, ки аз кадои хисоб маош зиёд мешавад. Мухим ин ки зиёд мешавад. Ин проблемаи хукумат аст. Порсол бучет хароб буд зиёд нашуд. Имсол бучет имкон додааст, ки зиёд шавад. Мо инро истикбол мекунем. Дар хамин шароити бухронй зиёд кардан кори осон нест, рафикон. Ба хукумат офарин гуфтан лозим аст. Бошад, ки соли оянда боз зиёд гардад. Кори пурмахсул даркор аст. Аз мо хамин чиз талаб карда мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)