Бахшҳо
09 июн 2016 14:36Тоҷикистон / Сиёсат

Наздикони маҳкумшудаҳои аршади ҲНИТ: Ҳанӯз нусхаи ҳукми додгоҳро нагирифтаем

Наздикони аъзои маҳкумшудаи ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ мегӯянд, бо гузашти 7 рӯз аз эълони ҳукми Додгоҳӣ олӣ ҳанӯз нусхаи ин ҳукмро дарёфт накардаанд.

Савринисо Ҷӯраева, ҳамсари Маҳмадалӣ Ҳайит, муовини раиси ҲНИТ имрӯз, 9 июн ба “Озодагон” гуфт, аз ҳукми Додгоҳи олӣ, ки шавҳарашро ба ҳабси абад маҳкум кард, ризо нестанд ва мехоҳанд ба мақомоти болоӣ шикоят баранд: “Котиби додгоҳ ба мо гуфт, то замоне, ки судшаванда ҳалномаи судиро дар дасташ нагирад, ҳаққи шикоят ба ягон ҷоро надоред. Мо барои шикояти кассатсионӣ ҳамагӣ 10 рӯз фурсат дорем, аммо бо гузашти 7 рӯз ба мо иҷозаи дидор бо шавҳарамро надодаанд”.

Ҷамшед Ёров, вакили дифои Маҳмадалӣ Ҳайит низ гуфт, пас аз шинос шудани зерҳимояаш бо ҳукми додгоҳ ба Суди кассатсионӣ шикоят хоҳанд бурд: “То рӯзи 7 июн нусхаи ҳукмро ба Маҳмадалӣ Ҳайит надода буданд. Бояд ӯ бо ҳукми додгоҳ шинос шавад. Ман ният дорам имрӯз ба Додгоҳи олӣ барои вохӯрӣ бо зерҳимояам дархост нависам. Иҷозат шуд, мулоқот мекунем ва агар вай нусхаи ҳукмро гирифта бошад, як ҷо шикоятро тартиб медиҳем”.

Бар пояи қонунгузории Тоҷикистон баъди эълони ҳукм давоми 10 рӯз маҳкумшудаҳо метавонанд ба зинаҳои болоӣ шикоят баранд. Ҳуқуқшиносон мегӯянд, ин 10 рӯз аз замони ба дасти судшаванда расидани нусхаи ҳукм ҳисоб карда мешавад. Баъди ин муҳлат ҳукм қувваи қонунӣ мегирад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон 2 июни соли равон Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ҲНИТ-ро ба ҳабси абад маҳкум кард. Аъзои дигари аршади ин ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ аз 2 то 28 сол равонаи зиндон шуданд.
Мӯҳр
Самандар
Махмадалй чокади худта да бало мондй. Ай хаму замони сузондани хучати воин-интернатсионалистй эътикодам гаштагй буд. Хай ина чомекунй дига якумр да кунчи зиндон хов мерай. Зану бачахот сагира. Ай нахзат хамика фойда дидй. О туда чй намерасид? Як шаркшиноси варзида будй. Холи бо хукумат меистодй ягон сафир ё вазир мешудй. афсус...

точикистони нав
бародар самандар инхо кахрамонанд номи инхо фарзандони фарзонаи миллат дар таърих хохад монд ту боин акли кутохат инхоро шинохта наметавони

Одина
Бо кадом корхояшон инхо кахрамонанд? Бо бе рахмию мардумро бо хамдигар душманкуниашон? Максади асосии онхо Точикистонро гирифта халкашро шиа мазхаб кардан буд, ки Тирашон хок хурд. Мо мардуми сарбаланди точик хеч гох чунин миллатфурушу хоинонро намегузорем ки ба сари мо бало биеранд. Озодагон чаро назари маро нашр намекунед? Е ин , ки Шумохам нахзатиед? Инхо хаммашон фиреб хурдаанд Мухиддин бошад дар Аврупо рохат карда гаштаистодааст бо чор хонумаш.

Гундул
Самандар неки рост гуфти..гар замона бо ту насозад ту бо замона бисоз..гуфтааст кадом бузурге..ва умуман ин дуневу умр кирои чангу сиесату кашмакашихо надорад.хай дига чи гуям..

самандар,номи ин ҷавонмардонро рӯзе таърих ҳамчун қаҳрамон далер ва ҷасур ёд меорад,аммо одамоне,ки нисбати халқу дину оинаш ноҳурмати мекунад рӯзе ҳамчун золим таърих ошкор мекунад.коре шуд ниҳоят ғамангез ман барои бародарои адолатхоҳам ҳаруз оби чашм мерезам ва аз Худованд озодии онҳоро талаб мекунам дар як каф дуоям.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)