Баъд аз даъвати Президент: Майсара аз Суғд ба Данғара кӯчид (ВИДЕО)
Як хонавода аз вилояти Суғд баъди пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди кору фаъолияти мардуми ин минтақа дар ноҳияи Данғара ба вилояти Хатлон кӯчидааст.
Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли равон ҳангоми сафараш ба вилояти Суғд аз сокинони Исфара даъват кард, ба ноҳияи Данғара рафта, дар заминҳои бекорхобидаи он боғҳои зардолу бунёд кунанд: “Шумо дар заминҳои ноҳамвору регзор боғу зардолу бунёд мекунед. Биёед ба Данғара дар он ҷо заминҳои ҳамвор зиёданд, сангу рег надорад. Биёед, мо мусоидат мекунем, заминҳоро бигиред... дар ҳамон ҷо сокин шавед, бо мардуми он ҷо хешу табор шавед, духтар ба шавҳар диҳед, келин кунед. Ҳам мулк обод мешавад ва ҳам ваҳдати миллӣ мустаҳкам мегардад”.
Баъди ин даъват Майсара Тоҳирова ва шавҳараш манзили худро дар ноҳияи Конибодом ба қасди Данғара тарк кардаанд. Аммо онҳо на барои бунёд кардани боғҳои зардолу, балки барои муолиҷаи сокинон омадаанд. Хонум Тоҳирова табиби амрози занона буда, 32 сол таҷрибаи корӣ дорад. Ин зани 55-cола дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, суханҳои Президент дар қалби ӯ инқилоб кард: “Вақте Пешвои миллат моҳи март дар ноҳияи Конибодому Исфара вохурӣ гузаронда гуфтанд, ки мутахасисон ба Данғара равед, кор кунед, байни ҳамдигар тифоқ шавед, ба дили ман ваҳӣ омад. Гуфтам ин сухани Ҷаноби олиро ба замин намегузорам”.
Майсара Тоҳирова мегӯяд, вақте ба ҳузури муовини аввали раиси ноҳияи Данғара омаданд, аз онҳо истиқболи гарм шуд: “Ман гуфтам ҳар ҷойе ки норасоии табиби амрози занона бошад, маро онҷо фиристед. Баъд моро ба рустои Зулол оварданд”.
Хонум Тоҳирова ҳоло дар Бунгоҳи тиббии деҳаи Зулол кор мекунад. Барои зиндагии онҳо биноеро дар ихтиёрашон гузоштаанд, ки дар гузашта ба ҳайси масҷид хизмат мекард. “Ман инҷо ягон хешу табор надоштам, аммо ҳоло бо тамоми табибону сокинони деҳа мисли ақрабо шудаем. Як чизи нав барои ман ин ҷо он буд, ки масалан дар мо ба духтур эътимод намуда, аз рӯйи гуфтаи вай амал мекунанд, аммо ин ҷо хушдоманҳо ҳукм мекунанд, ки келин дар хона таваллуд кунад ё дар бемористон. Ман бо чанд хушдоман суҳбатҳо анҷом додам ва каме ҳам бошад муваффақ шудам, ки андешаи онҳоро тағйир бидиҳам”,-афзуд ӯ.
Майсара Тоҳирова гуфт, яке аз мақсадҳои аслии ӯ коҳиш додани сатҳи бемориҳои занона, ба вижа камхунӣ ва ҷоғар мебошад: “Боз қасд дорам симои Конибодомро дар Хуррамзамин нишон бидиҳам. Ва ба Президенти муҳтарам ваъда медиҳам, ки хизмати шоиста мекунам”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |