Талаби додситонӣ барои баргузории мурофиаҳо бе ҳузури Бузургмеҳр Ёров
Мурофиаи навбатии вакили дифои боздоштшуда-Бузургмеҳр Ёров, имрӯз, 8-уми июн пас аз зуҳр бо ҳузури 3 ҷабрдида баргузор шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” ҳуқуқшинос Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр хабар дода, афзуд: “Дар рафти мурофиа боз даъвои модару писаре баррасӣ шуд, ки гӯиё Бузургмеҳр аз онҳо 10 ҳазору 600 доллар гирифта бошад. Мелиқулова Дилбар ва Ҳоҷиев Беҳрӯз дар вақти суҳбат дар мавриди маблағҳои гирифтаи Бузургмеҳр нишондоди гуногун доданд. Дар як нишондод гӯиё 1100 доллар,дар дигар нишондод гӯиё 1700 доллар дода бошанд...”.
Ба гуфтаи Ҷамшед Ёров бародараш дар суд изҳор доштааст, ки воқеан аз Мелиқулова 400 доллари амрикоӣ дар доираи қонун гирифтааст: “Дар рафти суд Бузургмеҳр гуфт, ки ваколатдиҳанда вазифадор аст, ки барои хароҷоти роҳ ва хӯрдан маблағ гирад... Даъвогар Мелиқулова бо баҳонаи гарм будани ҳаво аз толори мурофиа баромада, дигар барнагашт”.
Ҷамшед Ёров афзуд, дар рафти мурофиаи имрӯза айбдоркунандаи давлатӣ аз додрас дархост намуд, ки бо сабаби таҳқир шудани ҷабрдидаҳо аз ҷониби Бузургмеҳр Ёров баррасии парванда бе иштироки ӯ сурат гирад: “Вале Бузургмеҳр, вакили дифоъ, як нафар ҷабрдида ва судя ба дархости айбдоркунандаи давлатӣ зид баромаданд. Бузургмеҳр гуфт, ки касеро таҳқир накардааст ва суҳбатҳояш дар доираи муҳтавои парванда мебошад”.
Ҷамшед Ёров илова намуд, ки “Мелиқулова худаш дар рафти суд гуфт, ки соли 2013 барои кумак соати яки шаб ба хонаи Бузургмеҳр омадааст. Ин дар ҳолест, ки гӯиё писари Мелиқулова соли 2010 ба Бузургмеҳр маблағ дода бошад. Бузургмеҳр гуфт, агар ман писари Шуморо соли 2010 фиреб карда бошам, пас чаро соли 2013 барои кумак ба ман муроҷиат кардед. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ман писари Шуморо фиреб надода, аз ӯ маблағ нагирифтаам”.
Вазорати умури дохилӣ моҳи октябри соли гузашта дар пайи боздошти Ёров эълон кард, ки “Бузургмеҳр Ёров аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо Тоиров Бадриддин, бо мақсади ба даст овардани маблағи пулии муфт, соли 2009 ба боварии шаҳрванд Ҳоҷиев Беҳруз Султонбекович даромада, аз ҳолати оҷизӣ ва вазъияти шадиди ноилоҷии охирин суистифода бурда, аз ӯ маблағи пулӣ ба миқдори 7000 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додаанд, ки дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аризаи даъвогии Миралиева Мадина Абдуллоевнаро оиди ҷудо кардани молу мулк ба фоидаи Ҳоҷиев Беҳруз ҳал мекунанд”.
Аммо Бузурмеҳр Ёров дар пайи ин изҳорот гуфт, “ Беҳруз, ки нони хурдан надошт, вакили занаш будам ва ягон тин нагирифтаам. Инашро низ дар суд исбот мекунам”.
Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров аз қавли ӯ ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, изҳор доштааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бегуноҳияшро исбот хоҳад кард. Мурофиаи навбатии Ёров 10-уми июн таъин шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |