Э.Раҳмон: Маҳкамов ҳамчун роҳбари хоксору дилсӯз дар хотирҳо мемонад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба фарзандону пайвандон ва хешу таборони Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович, нахустин президенти Тоҷикистон, ки имрӯз 8-уми июн даргузашт, изҳори ҳамдардӣ кардааст. Раисиҷумҳури феълии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки дар ин лаҳзаҳои вазнин ба наздикони Маҳкамов аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил мехоҳам.
Эмомалӣ Раҳмон дар номаи тасаллияташ таъкид намудааст, ки “Маҳкамов Қаҳҳор Маҳкамович дар давоми умри бобаракати худ дар мансабҳои мухталифи роҳбарикунандаи давлатӣ ифои вазифа намуда, тамоми дониш ва таҷрибаву малакаи худро барои пешрафт ва ободии Тоҷикистон сарф кардааст. Мавсуф ҳамчун шахси хоксор, мутахассиси кордон ва роҳбари дилсӯзу ғамхор дар хотири мардуми Тоҷикистон абадӣ хоҳад монд”.
Қаҳҳор Маҳкамов, нахустин Президенти Тоҷикистон имрӯз, 8-уми июн дар хонааш дар шаҳри Душанбе даргузашт. Ба иттилои наздикони Маҳкамов моҳҳои охир вазъи саломатии марҳум бад шуд ва чанд рӯз қабл ӯ аз бемористон мураххас шуда буд. Тибқи васияти Маҳкамов ӯро дар қабристони Сари Осиёи шаҳри Душанбе ба хок хоҳанд супурд.
Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт. Суҳбати Қаҳҳор Маҳкамов дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо": Дар бораи истеъфо, Роғун, қозикалон ва маҳалгароӣ (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |