Ба Каромати Данғара обу барқ омад, мардум интизори мактабу бунгоҳи тиббианд (ВИДЕО)
Деҳаи Каромати ҷамоати Исмат Шарипови ноҳияи Данғара бо гузашти даҳсолаҳо соҳиби об ва нерӯи барқ гашт. Ҳоло сокинон интизоранд, ки кай дар рустояшон мактабу бунгоҳи тиббӣ бунёд мешавад.
Дар деҳаи Каромат 954 аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Он соли 1930 бунёд шуда ва танҳо чанд соли наздик ба он хатти барқ кашиданд. Мушкили дастрасӣ ба об ҳам ҳоло тоҷойе ҳал шудааст. Сокинони ин деҳа мегӯянд, дар гузашта бо хару ароба аз чандин километр об меоварданд.
Тоҷинисо Солеҳова, яке аз сокинони русто мегӯяд, дар гузашта дарахтҳои деҳа ангуштшумор буданд: “Вақте хурд будем, дар деҳа танҳо як дарахти тут ва як санҷит буду халос. Зиндагӣ он солҳо вазнин буд. Об, қувваи барқ набуд, мардум азоб дошт. Шукр ҳоло каме ҳам бошад мушкили деҳа осон шуд”.
Мирзошоҳ Шарифов, сокини 52-солаи деҳаи Каромат дар гузашта ба ҳайси ронанда кор кардааст: “Моро бо ароба ба мактабҳои деҳаи ҳамсоя мебурданд. Баъдан автобус шуд. Ҳоло интизорем, ки дар деҳаи худамон мактуб бунёд шаваду фарзандон азоб накашанд”.
Бобохон Ҷӯрабеков, раиси ҷамоати Исмат Шарипови ноҳияи Данғара дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қарор аст дар ояндаи наздик мушкили мактубу бунгоҳи тиббӣ ҳам ҳал шавад. “Барои сохтани мактаб ва бунгоҳи тиббӣ замин ҷудо шудааст ва бояд ба наздикӣ корҳои сохтмонӣ оғоз гардад. Дар нақша ҳаст, ки дар 18 моҳ ин корҳо анҷом ёбанд”,-афзуд ӯ.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |