Суғд: Барқ ҷони ду мардикорро гирифта, се тани дигарро маҷруҳ кард
Раёсати умури дохилии Суғд аз ҳалокати ду нафар дар шаҳри Исфараи вилояти Суғд хабар дод.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, соатҳои 11:30-и рӯзи 7 июн панҷ сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки дар маркази шаҳри Исфара ба корҳои сохтмонӣ машғул будаанд, мехоҳанд нардбонро аз кунҷи хона ба ҷойи дигар гузоранд, аммо он ба ноқили баландшиддати барқ мерасад: “Дар натиҷа ду нафар, ки сину солашон 49-50 будааст, дар ҷойи ҳодиса ҷон медиҳанд”.
Манбаъ афзуд, 3 тани дигар, ки 37, 38 ва 46-солаанд, ҷароҳат бардошта, феълан дар беморхонаи марказии шаҳри Исфара бистарӣ мебошанд: “Ҳоло мақомоти дахлдор аз рўйи ин ҳодиса санҷишро оғоз намудааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |