12 сол ҳабси Ҳасанов барои ғорати телефону 200 сомонии чиниҳо дар Душанбе
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Януш Ҳасанови 30-соларо барои роҳзанӣ дар ҳолати хавфнок гунаҳкор дониста, ба муҳлати 12 сол равонаи зиндон намудааст.
Тибқи иттилои додгоҳ, Януш Ҳасанов, сокини шаҳри Душанбе бо ҳаммаслаконаш- Валиҷон Одинаев ва ноболиғон – Маъруф Акрамову Алиҷон Насриддинов, 2 феврали соли равон, тахминан соати 20:30 ду шаҳрванди Чинро ғорат кардаанд: “Дар роҳи пиёдагарди кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ бо корду занҷир алайҳи Хан Чанг Фу ва Ванг Ганг, шаҳрвандони Чин, ки дар Маркази барқу гармидиҳӣ-2-и Душанбе ба ҳайси челонгари трубина кор мекардаанд, зӯроварӣ намуда, телефони 1500 сомонии Хан Чанг Фу ва 200 сомонии Ванг Гангро ғорат кардаанд”.
Манбаъ мегӯяд, ғоратгарон баъди ду рӯз телефонро ба маблағи 300 сомонӣ ба Раҳимҷон Мирзоев, як шиносашон фурӯхтаанд: “Баъди фаъол кардани телефон кормандони милиса онро пайдо мекунанд ва Раҳимҷон Мирзоев изҳор доштааст, ки ҳангоми харидани телефони мазкур дар хусуси бо роҳи ҷиноят ба даст омаданаш маълумот надоштааст”.
Дар пайи баррасии қазия додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Януш Ҳасановро бар асоси моддаи 249, қисми 3 банди «д»- Кодекси ҷиноятӣ, роҳзанӣ дар ҳолати махсусан хавфнок гунаҳкор дониста, ба 12 соли зиндони низомаш сахт маҳкум намудаст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Феврал 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 |
3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 |
10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 |
17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 |
24 | 25 | 26 | 27 | 28 | |