Бахшҳо

Рекорди Тоҷикистон: Духтари ғарқшуда баъди 22 дақиқа зинда монд (АКСУ ВИДЕО)

Як созмони ҷамъиятӣ бо ҷалби донишомӯзони мактаби миёна мехоҳад, дар коҳиш додани ҳолатҳои ғарқшавӣ ва наҷоти ғарқшавандаҳо саҳим бошад.

Созмони “Ҳамсоягии хуб” дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба роҳандозии тарҳе шурӯъ кардааст, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои зиёди ғарқшавии одамон, ба вижа кӯдакону наврасон аст. Ин лоиҳа имрӯз, 8 июн дар деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ ба кор оғоз кард. Сайрам Ғуломова, як масъули ташкилоти “Ҳамсояи хуб” мегӯяд, онҳо қасд доранд, ба 60 хонандаи мактаби миёна аз хонаводаҳои камбизоат тарзи дурусти шиноварӣ ва кумак ба ғарқшудаҳоро биомӯзанд: “Мо мутахассисонро аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даъват кардем, то ин хонандаҳоро омӯзиш бидаҳанд”.

Ба гуфтаи ӯ, бино ба оморҳо дар пайи тағйирёбии иқлим ва гармшавии бесобиқа ҳолатҳои ғарйшавии одамон афзоиш ёфтааст: “Мақсади асосии мо пешгирӣ кардани ҳодисаҳои ғарқшавӣ мебошад. Дар доираи ин лоиҳа ҳамчунин ба масъулини истироҳатгоҳҳо, волидон ва омӯзгорон ҳам корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем”.

Рӯзи аввали оғози лоиҳа, ки номи “Шайнак”-ро гирифтааст, мутахассисони КҲФ ба хонандаҳо тарзи наҷот ва ёрии аввалин ба ғарқшудаҳоро намоиш доданд.

Созмони “Ҳамсояи хуб” қасд дорад, дар оянда чунин лоиҳаро дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Шаҳритӯс ва навоҳии Рашт низ роҳандозӣ кунад.

Ориф Нозимов, сухангӯйи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода имрӯз, 8 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, аз оғози соли равон то имрӯз 40 ҳолати ғарқшавии одамон ба қайд расидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта бештар мебошад: “Ба ин шумора дохил мешавад, заноне, ки худро ба об партофтаанд, садамаи автомобилҳо, оббозӣ, ҳангоми истироҳат дар мавзеъҳои хавфнок ва ҳангоми майнӯшӣ”.

Масъулини Маркази наҷотдиҳии КҲФ мегӯянд, танҳо давоми чор дақиқаи баъди ғарқшавӣ имкони наҷоти шахс мавҷуд аст. Дар ҳолати аз ин пештар эҳтимоли фавти нафари ғарқшуда бештар мешавад. Аммо Олег Пилкеевич, сардори Маркази наҷотдиҳӣ мегӯяд, дар таҷрибаи онҳо як духтари 16-соларо баъди 22 дақиқа аз об берун оварданд ва зинда монд: “Барои Тоҷикистон ин рекорд маҳсуб мешавад”.

Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯянд, соли ҷорӣ кормандони ин ниҳод дар шаҳри Хуҷанд 5 нафарро, ки бо қасди худкушӣ худро ба Сирдарё партофтанд, наҷот доданд.

Мӯҳр
Мухочир
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода....Хоишмандам ин коратон маъни намекунад......шумо худатон Обозира ёд гирен .....Худатона ба тахчизотхои начодихи таъмин кунед ..мо рози ..ба хама маълумаст , Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. аз 10-митр ресмон , ва 3- пар муза дигар чизе надоред ....боз шарм надошта мардумро баррои ёдгирии шиновари даъват мекунд.....Охир харуз...чи ходисохой нашуда истодааст...коркунони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода..бахояшон 2 тамоман корашон гайри каноат бахш ....МО БОЯД ДАР САФИ АВВАЛ КУМИТАИ ХОЛАТХОИ ФАВКУЛОДАРО МУСТАХКАМ КУНЕМ ЧУНКИ ТОЧИКИСТОН 93 фоизаш кухпорахо мебошанд.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)