Даъвати Декаприо барои иҷрои нақши Мавлоно дар филми нави Голивуд

Филмсозони амрикоӣ тасмим гирифтаанд, дар бораи зиндагии шоир ва мутафаккир Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ филм ба навор бигиранд, ки дар он чеҳраи аслии мусалмон намоиш дода хоҳад шуд.
Дэвид Франзонӣ, филмноманависи амрикоӣ, барандаи ҷоизаи Оскар ва таҳиякунандаи ин филм Стефан Ҷуел Броун ҳафтаи гузашта барои зиёрати мақбараи Мавлоно дар Қуния ва суҳбат бо мавлоношиносон вориди Туркия шудаанд.
Дар ин бора нашрияи маъруфи бритониёии “The Guardian” хабар дода, афзудааст, ки наворбардории ин филм соли оянда дар назар гирифта шудааст. Ба иттилои манбаъ Дэвид Франзонӣ ва Стефан Ҷуел Броун гуфтаанд, барои интихоби бозигарон дар нақшҳо ҳануз барвақт аст, аммо мехоҳанд Леонардо Дикаприо дар нақши Мавлоно ва Роберт Ҷон Дауни дар нақши Шамси Табрезӣ бозӣ кунанд.
Дэвид Франзонӣ, филмноманавис ва Ҷоел Браун, продюсер ин филм гуфтаанд мехоҳанд бо намоиши зиндагии ин мутафаккири бузург тасавуроти қолабии Синамои Ғарбро оид ба мусулмонҳо ба чолиш бикашанд. Девид Франзонии 69-сола аз филмноманависҳои маъруфи Амрико буда, маъруфтарин филмномаҳои ӯ “Шоҳ Артур”, “Гладиатор”, “Амистад” ва “Ҷек-попригун” мебошанд, ки шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |