Эмомалӣ Раҳмон: Мушкилоти соҳаи илмро медонам...

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 8 июн дар ноҳияи Данғара расадхонаи байналмилалии «Санглох»-ро баъди 20 сол дубора фаъол карда, онро падидаи нек барои рушди илм арзёбӣ намудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур расадхонаи 6 ошёнаи “Санглох” бо дастгирии Эмомалӣ Раҳмон бо харҷи беш аз 1 миллион сомонӣ барқарор шуда, акнун дар он 30 нафар ба таври доимӣ кор хоҳанд кард. Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи расадхонаи «Санглох» гуфтааст, ин муассиса дорои телескопи нодире мебошад, ки соли 1980 аз кишвари Олмон оварда шудааст ва объектҳои андозаашон 10 сантиметрро дар масофаи 40 ҳазор километр аз сатҳи Замин дида метавонад: “Мавзеи ҷойгиршавии расадхона низ аз лиҳози амалияи илмӣ барои гузаронидани мушоҳидаҳои астрономӣ ниҳоят мусоид мебошад. Зеро дар ин мавзеъ шумораи шабҳои соф дар як сол ба 230 расида, акси ситораҳо ба воситаи телескопи ин расадхона хуб намудор мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, мушкилотеро, ки дар соҳаи илм вуҷуд доранд, медонад ва барои ҳалли онҳо ҳукумат пайваста чораҷӯӣ карда истодааст. Ӯ зикр кардаст, ки фақат дар давоми даҳ соли охир ҳукумат, бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ба иқтисоди миллии кишвар, барои таъмини фаъолияти Академияи илмҳо ва рушди илм 300 миллион сомонӣ маблағ ҷудо кардааст. Раисиҷумҳур аз олимони Тоҷикистон даъват кардааст, ки таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ, ба шумули физика, химия, биология эътибори ҷиддӣ диҳанд: “Масъалаи ихтироъкориву навоварӣ кашфу эҷоди техникаву технологияҳои нав ва ҳарчи бештар ба роҳ мондани робитаи илму истеҳсолот аз ҷумлаи масъалаҳое мебошад, ки бояд дар маркази диққати роҳбарони Академияи илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, инчунин роҳбарону кормандони илмии институтҳои дахлдор қарор дошта бошад”.
Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки дар баробари пешбурди таҳқиқоти илмӣ олимони мо ва умуман, кулли кормандони Академияи илмҳо ҳамчун гурӯҳ ё табақаи пешрави аҳли зиёи кишвар вазифадоранд, ки дар таблиғи дастовардҳои истиқлолият, моҳият ва нақши соҳибихтиёрӣ дар тақдири миллат, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, илму донишомӯзӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон саъю талоши пайваста дошта бошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |