Бахшҳо
08 июн 2016 09:53Тоҷикистон / Сиёсат

Бордюжа: Аз кишварҳои узви СПАД 10 ҳазор нафар дар Сурия меҷанганд

Николай Бордюжа, дабири кулли Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) гуфтааст, ҳудуди 10 ҳазор нафар аз кишварҳои аъзои ин созмон дар сафи гуруҳҳои террористӣ дар Сурия меҷанганд.

Ӯ гуфтааст, иттилои дақиқ дар мавриди теъдоди ҷангиёнро аз Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо рӯи даст доранд. Аммо ӯ эълон накардааст, ки аз ҳар кишвар дар алоҳидагӣ чанд нафарӣ дар ҷангҳои Сурия иштирок доранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони кишварро, ки дар Сурияву Ироқ меҷанганд, наздики 1000 нафар гуфта буданд, ки бештари онҳо аз Русия ба он давлатҳо рафтаанд.

“РИА Новости” аз қавли Бордюжа менависад, феълан раванди низоми назорати ҷараёни вуруди муҳоҷирон аз минтақаҳои низоъҳои мусаллаҳ роҳандозӣ гардидааст, то тамоюл ва вазъи ин раванд дар умури муҳоҷират баррасӣ шавад: “Агар ин тамобл суръат гирифта, ба амнияти давлатҳои узви СПАД таъсиргузор шаванд, чораҳои мушаххас андешида мешавад, аммо ҳоло чунин зарурат вуҷуд надорад”.

Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, ва Қирғизистон узви СПАД мебошанд. Қароргоҳи он дар Маскав аст.
Мӯҳр
Хоркаш
Бале оқои Бордюжа, аз онҳо 9 ҳазорашон аз Россия ҳастанд.
Инро бо русӣ "старшилка" мегуянд. Москав васалҳои осиёи миёнаро, бубахшетон, давлатҳои осиёи миёнаро бо ин роҳ метарсонад, то онҳо ба ӯ наздиктар шаванд. Аз Тоҷикистон бошад, талаби сарҳад бо Афғонистонро дорад ки генералҳои пулмасти Путин дар кризис чӣ кор карданашонро намедонанд ва мехоҳанд ҷои равғании наркотрафики дунёро боз ба даст бигиранд.
Хестеди хобидаед, дорогие наши братя.
Давлати Тоҷикистон бо Президент набояд аз ин бозиҳои аҷуз-маҷузи русия ҳарос кунанд. Халқ дар ин кор бо шумост!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)