Дару тирезаҳои Рустам дар Русия ҳам харидор доранд (ВИДЕО)
Рустам Ятимов, як сокини ноҳияи Балҷувон 28 сол аст, ки кандакорӣ мекунад ва дару тирезаҳои чӯбин месозад.
Ӯ барои сохтани дару тиреза бештар аз чӯби чинору чормағз, ки дар Тоҷикистон фаровонанд, истифода мекунад. Мегӯяд, баъзан аз Русия ҳам чӯб фармоиш медиҳад. Хабарнигори “Озодагон” вақте ба манзили Рустам Ятимов рафт, машғули сохтани тирезаи дуқабатае буд, ки ба наздикӣ фармоиш гирифтааст. “Солҳои охир, ки таваҷҷуҳ ба дару тирезаҳои пластикӣ зиёд гардид, мо камтар фармоиш мегирем”,-изҳор дошт вай.
Рустам Ятимов меафзояд, бино ба тадқиқоти як ташкилоти олмонӣ дару тирезаҳои пластикӣ аз худ моддае бо номи “Таксин” ихроҷ мекунад, ки ба саломатии инсон зарар дорад: “Аммо дару тирезаҳои чӯбин ҳеч таъсири манфие ба сиҳатии одамон надоранд. Гузашта аз ин хеле арзону дастрас ҳам ҳастанд. Маслан, агар як метри мураббаъи дару тирезаҳои пластикии хитоӣ 50$ ва туркӣ 55$ бошад, дару тирезаҳои чӯбӣ 350 сомонӣ нарх дорад”.
Ин устои 45-сола мегӯяд, таваҷҷуҳи одамонро бештар тарҳ ва сохти дару тирезаҳои пластикӣ ба худ ҷалб месозанд ва ӯ низ талош мекунад, маҳсули дастонаш замонавию зебо бошанд: “Мо дару тирезаҳои дуқабата ҳам месозем, ки ба дару тирезаҳои туркӣ сахт монанданд. Барои онҳое, ки мехоҳанд дару тирезаи чӯбин дархост кунанд, намунаи корҳои худро, ки дар шакли китобча таҳия шудааст, пешниҳод месозем”.
Ба гуфтаи Рустам Ятимов маҳсули дасти ӯ дар Русия ҳам харидор дорад: “Як ширкати русӣ ҳар сол дару тирезаҳои сохтаи манро харидорӣ намуда, барои фурӯш ба Русия мебарад”.
Рустам дар гузашта дару тирезаҳоро кандакорӣ ҳам мекардааст, аммо мегӯяд, ҳоло чунин маҳсулот харидори зиёд надоранд. Дар шаш моҳи соли равон ҳамроҳи писараш -- Вафо 26 тиреза ва 3 дар сохтааст ва қасд дорад, оянда як сехи дуредгарӣ бунёд кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |