Як навраси 16-сола дар шимоли Тоҷикистон зери хокпора мондааст
Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як навраси 16-сола зери хокпора монда, ба ҳалокат расидааст.
Манбаи “Озодагон” аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ин ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи гузашта (06.06) дар рустои Дашти Хушекати Деваштич ба вуқӯъ пайвастааст: “Ёдгор Мирзоев барои рехтани хишт мехостааст аз теппаи деҳа хок бигирад, аммо ба болояш хок мерезад”.
Ба иттилои манбаъ, дар пайи ин ҳодиса ӯ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Ҷасади вайро аҳолии деҳа баъди як соат (16:30) аз зери хок берун кардаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |