“Навсоз”-нахустин ҷашнвора-озмуни филмҳои кутоҳ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон барои аввалин бор Ҷашнвора-Озмуни байналмиллалии филмҳои кутоҳ бо номи «НАВСОЗ» роҳандозӣ мешавад. Ин ҷашнвора аз 16 то 20-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Муҳибназари Холназар, роҳбари гуруҳи ҷавонони ташаббускори баргузории ин ҷашнвора ба “Озодагон” гуфт, ки онҳо ин ҷашновораи байналмилалиро бо пуштибонии молии корхонаҳои дохилӣ баргузор мекунанд ва асосан ин ҷашнвора миёни филмсозони ҷавони то 35-сола гузаронида мешавад.
Ба иттилои роҳбари гуруҳи ташаббускор ҳадафи баргузории ин ҷашнвора ба вуҷуд овардани фазои рақобати солим миёни филмсозони ҷавон ва додани имконият ба онҳо мебошад.
Ҳоло Гуруҳи ташаббускор барои қабули филмҳо аз 1-уми июн то 1-уми августи соли ҷорӣ эълон нашр кардаанд ва ба иттилои манбаъ дар назар аст, ки дар ин ҷашнвора филмсозони ҷавони хориҷӣ низ ширкат бикунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |